Соли гузашта беш аз 1 миллиону 250 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар карданд, ки дар муқоиса ба соли 2017 2.6 дар сад бештар аст.
Бино ба гузориши кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, дар соли 2018 шумори гардишгарони хориҷӣ, ки ба манотиқи ин кишвар ташриф оварданд, 2,6 дарсад афзойиш доштааст.
Соли 2017 430 ҳазору 922 тан гардишгар ва соли гузашта беш аз 1 миллиону 250 ҳазор тан шаҳрванди хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карданд. Ба шумори миёнгин ҳар моҳ беш аз 3 ҳазору 400 тан гардишгар дар Тоҷикистон меҳмон шуданд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 145 агентии гардишгарӣ фаъолият доранд ва 75-тои онҳо соли гузашта таъсис шуданд. Ҳамчунин, Тоҷикистон 297 меҳмонхона дорад ва сохтусози 41 меҳмонхонаи дигар идома дорад.
Тоҷикистон дар қатори 158 кишвари ҷаҳон аъзои Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ТУС) ба шумор меравад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бо судури як фармон моҳи июни соли гузашта дар назди худ Кумитаи рушди сайёҳиро таъсис дода, Нуъмон Абдуғаффорзодаро раиси он таъин кард.
Манбаъ: ТоҷикТа