Нахӯрдани наҳорӣ боъиси гирифторӣ ба бемории қанд мешавад

Хабари хуб 17.01.2019 10:39

Наҳорӣ муҳимтарин ваъдаи ғизоӣ дар рӯз мебошад ва инак бори дигар як пажӯҳиши ҷадид нишон додааст, ки нахӯрдани наҳорӣ, ҳатто баъзе вақт ҳам, метавонад хатари мубтало шудан ба бемории қанди навъи дуввумро дошта бошад.

Донишмандон дар Олмон пас аз баррасии иттилоъоти беш аз 96 ҳазор нафар, ки дар шаш пажӯҳиш ширкат доштанд, натиҷагирӣ карданд, ки агар як фард ҳатто ҳафтае як бор ҳам наҳорӣ нахӯрад, хатари гирифтор шудан ба бемории қанди навъи дуввум дар назди вай шаш дар сад боло меравад.

Ёфтаҳои ин пажӯҳиш, ки дар журнали “Тағзия” нашр шудааст, нишон додааст, ки касоне, ки ҳафтае чаҳор ё панҷ бор наҳорӣ намекунанд, 55 дар сад бештар бо хатари мубтало шудан ба бемории қанд рӯ ба рӯ анд.

Бемории қанди навъи дуввум бештар дар афроди болотар аз 45 сол дида мешавад ва омилҳое чун ирсӣ, фарбеҳӣ, сабки зиндагӣ ва фаъолияти ками физикӣ ва баданӣ дар бурузи он таъсир доранд.

Донишмандон мегӯянд, ки нахӯрдани наҳорӣ сабаб мешавад, ки одам дар муқобили инсулин муқовимат пайдо кунад. Инсулин ҳормоне аст, ки баданро қодир месозад то қандро барои тавлиди энержӣ ба масраф бирасонад.

Муқовимат дар баробари инсулин сабаб мешвад, ки барои баробар сохтани сатҳи қанд дар хун, миқдори бештари инсулин тавлид шавад. Ҳолате, ки ба гуфтаи донишмандон хатари ҷиддии мубтало шудан ба бемории қанди навъи дуввумро дар пай дорад.

Бар асоси ҳамапурсӣ, ки дар соли 2015 дар Амрико сурат гирифт, 53 дар сади амрикойҳо кам аз кам ҳафтае якбор наҳорӣ нахӯрда ва 12 дар сади амрикоӣ ҳеч вақт наҳорӣ намехӯрад.

 Танҳо хӯрдани наҳорӣ барои мубтало нашудан ба бемории қанд кофӣ нест, балки ба гуфтаи донишмандон кайфияти он низ бисёр муҳимм аст ва бояд дар канори наҳории чарбуи саршор аз қанд, ки дар аксари ҷомеъаҳо ба гунаи суннатӣ машҳур аст, миқдоре протеин (сафеда) низ сарф шавад.

Манбаъ: https://www.darivoa.com/a/skipping-breakfast-may-increase-risk-of-diabetes-type-2/4740893.html

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97