Венесуэла дар рақобатҳои зебойи байналмиллалӣ дар соли 2018 кишваре номида шуд, ки аз нигоҳи доштани занони зебо ҷойи нахустро ба худ ихтисос додааст.
Ба гузориши Спутник, Венесуэла кишваре аст, ки дар соли 2018 дар рақобатҳои зебойи байналмиллалӣ бо бештарин занони зебо дар миёни ширкаткунандагони рақобатҳои зебоӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.
Бар асоси натиҷаҳои таҳия шуда аз суи портали “Missosology”, Венесуэла дар рутбабандии ҷамъӣ аз миёни панҷ руйдоди бузурги ҷаҳонӣ, ҷой нахустро ба худ ихтисос дод.
Пирӯзии боварнакарданиро барои Венесуэла Мари Веласко дар мусобиқаи байналмиллалии занон ба даст овард ва Стефани Гутеррес ҷой дуввумро дар ин мусобиқа аз они худ кард.
Илова бар Венесуэла, дар панҷ рутбаи бартар, Филиппин, Мексика, Ветнам ва Африқои Ҷанубӣ ҳастанд, ки зеботарин занон дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд.