Эҳтимоли боло рафтани арзиши интернет дар Тоҷикистон

Хабари хуб 17.01.2019 09:06

Бо вуҷуди он ки сураъти аз ҳама пасти интернет дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, эҳтимол меравад, ки дар соли ҷорӣ ин кишвар арзиши интернетро то 15 дар боло барад.

Аз гуфтугӯҳои телефонӣ даст кашидани бархе аз сокинон ва ба паёмрасонҳое монанди Viber, Whatsapp ва IMO рӯ овардани онҳо, мақомоти андози Тоҷикистонро нигарон кардааст. Чун даромадҳои буҷет аз ҳисоби кам шудани гуфтугӯҳои телефонӣ ва бахусус зангҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа коҳиш ёфтааст. Бархе аз манобеъ мегӯянд, гуфтугӯҳои байналмиллалӣ ҳудуди 70 дар сад кам шуд.

Аз ин рӯ, Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ хостааст, ки ҳар дақиқа гуфтугӯи корбарон тавассути Viber, Whatsapp, IMO ва паёмрасонҳои дигарро ҳисоб карда, аз рӯи он андоз супоранд. Вале ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки имкони техникии ҳисоб кардани гуфтугӯи одамонро тавассути паёмрасонҳо надоранд.

Як ҳамсуҳбати радиои Озодӣ дар хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 16-уми январ гуфтааст, тасмими охири мақомоти андоз ин аст: нархи трафики интернете, ки ба хориҷа меравад (трафике, ки тавассути Маркази ягонаи коммутатсионӣ мегузарад), боло бардошта шавад, то аз ин ҳисоб андози бештар ситонанд. Аммо ба гуфтаи вай, "чун трафики интернетро аз ҳам ҷудо кардан мушкил аст, интизор меравад, нархи интернет дар маҷмуъ аз 10 то 15 дар сад боло бурда шавад."

Ин мавзуъ ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи корӣ бо иштироки намояндагони Вазорати молия, Хадамоти алоқа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи андоз ва намояндагони ширкатҳои мобилӣ баррасӣ шудааст.

Кумитаи андоз аз ширкатҳои мобилӣ тақозо кардааст, ки то 17-уми январ хулосаи худро дар ин бобат ба кумита ирсол кунанд. Вагарна кумита ҳамроҳ бо Вазорати молия ва Хадамоти алоқа худ дар ин бобат хулоса бароварда, барои тасдиқ ба ҳукумат мефиристад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97