Эълони мораторий барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон то соли 2021

Хабари хуб 16.01.2019 11:05

15 январи соли ҷорӣ фармони раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон “дар бораи ворид намудани тағйир ба фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018” ба имзо расид.

Бар тибқи фармони мазкур, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Тоҷикистон то 1-уми январи соли 2021 мораторий эълон карда мешавад.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноъатию содиротии кишвар, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоъид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» танзим гардида, минбаъд муқаррароти он ба ҳама мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Додситони кулл, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 январи соли 2018 пешниҳод карда буд, ки дар кишвар ба мӯҳлати се сол ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии ҷумҳурии Тоҷикистон мораторий эълон шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97