Худдории Путин аз истифодаи смартфон

Хабари хуб 16.01.2019 10:22

Дмитрий Песков сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки истифода накардани Владимир Путин аз смартфонҳо ин ба амнияти ӯ рабт дорад.

Песков ба тавзеҳи ин ки чаро Путин аз смартфон истифода намекунад, гуфт: “Сабаби истифода накардани смартфон аз ҷониби Путин дар он аст, ки барои истифодаи он шахс бояд ба ҳама шафофиятҳо розӣ бошад”.

Вай ҳамчунин дар ин замина афзуд, ки Путин иттилоъотро аз рӯзномаву маҷалла ва интернет мехонад. Ғайр аз ин ӯро бо иттилоъоти таҳлилии гуногун, дафтари матбуъотии раиси ҷумҳур таъмин мекунад.

Ба гуфтаи Песков: “гоҳо ӯ баъзе хабарҳоро аз дигарон мешунавад ва хоҳиш мекунад, ки онро барояш омода кунанд. Сарчашмаи иттилоъот барои раиси ҷумҳур бисёр калон аст: вазоратҳо, муассисаҳою агентиҳои махсус ва ғайраҳо”.

Сухангӯи раиси ҷумҳур дар хотимаи суханонаш  тасреҳ кард, ки Путин кӯшиши истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро (ба монанди Twitter ва ғайра)  барои суҳбат бо интихобкунандагон ва наздики бо мардумро надорад, чунки барои ӯ чунин миёнрав лозим нест.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97