Мағзи инсон пас аз он ки қалб аз тапиш мемонад, ҳанӯз фаъолият мекунад

Хабари хуб 15.01.2019 14:38

Ларс Ҳермансон ва Улрика Ҳермансон дар мақолае мунташир шуда дар нашрияи ”Aftonbladet”-и шведӣ менависанд, маълумоти нав исбот мекунанд, ки мо дар ҳини мурдан дарк мекунем, ки мемирем, ба ин хотир, ки мағз ҳанӯз тайи муддати замони баъд аз он ки қалб аз тапиш меистад, фаъолият мекунад.

Донишманд ва табиби амрикоӣ аз 2060 нафар аз кишварҳои мухталиф, ки сактаҳои қалбиро пушти сар кардаанд пурсида ва чизе ғайримунтазираро шунидааст. Ин дар ҳоле аст, ки бархе ҳамкорон нисбат ба кашфи ӯ бо шаку тардиди ошкор бархӯрд кардаанд.

Дар лаҳзаи кӯтоҳ мо дар асорати марг қарор мегирем, вақте ки сарнавишти мо таъйин мешавад.

Эҳсоси наздикӣ ба марг мумкин барозандатарин чизе бошад, ки инсон метавонад бо он мувоҷеҳ гардад. Аксаран ин падидаро ба масобаи хотира ташреҳ мекунанд, ки дар баробари чашмон тамоми зиндагӣ хутур мекунад, инсони тунели нуреро мушоҳида мекунад, ё худро хориҷ аз ҷисми худ эҳсос мекунад, ӯ фикр мекунад, ки бо хешовандон ва наздикон аз ҷониби дигар дар тамос мешавад.

Маризон ба хотир меоваранд, ки чи гуна онҳоро ба зиндагӣ баргардонданд

Доктар Сам Парниё аз Ню-Йорк дар мавриди анҷом додани таҳқиқ бар маводи ҷамъоварӣ шуда аз 2060 нафар аз Аврупо ва Амрико ба ин натиҷа расид: бисёре маризон, ки бо сактаи қалбӣ мувоҷеҳ шуда буданд, ба ӯ қиссаи худро баён намуданд. Маълум шуд, ки 46 дар сади муъолиҷа шуда буданд, чи тавр эҳё шуданшонро ба хотир доштанд, агарчи баъд аз суҳбат кардан аксаршон хотиротшонро аз даст доданд.

Чизе бисёр ногаҳонӣ ин ки ду мариз хотироти муфассал ва васеъ (басарӣ ва самъӣ) роҷеъ ба кори тими эҳёкунанда ҳифз карда буданд ва медиданд, ки чи гуна пизишкон роҷеъ ба маргшон эълом карданд. Ин се дақиқа комил баъд аз он рух медод, вақте қалб аз тапиш афтода буд, мағз фаъолият мекард ва графики мағз ҳеч гуна ларзиши барқиро нишон намедод.

Аммо Ҳенрик Юринтел устоди риштаи аъсоби донишгоҳи Лунди Шведсия нисбат ба ин бо руҳияи шаку тардид бархӯрд мекунад.

Ӯ мегӯяд: “ман бояд ба шумо бигӯям, ин таҳқиқот то андозае машкуканд , чун ҳама табобати ғарбӣ ҳангоми таъйин намудани марг аз мафҳуми “марги мағз” кор мегиранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97