Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи гуфтугӯи “Ҳинд-Осиёи Марказӣ” бо ҳамтоёни худ дидорҳое анҷом дод

Хабари хуб 15.01.2019 12:39

Дар ҳошияи баргузории гуфтугӯи “Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанди Узбекистон дидори Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон бо вузарои корҳои хориҷии Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Муҳриддин зимни дидор бо Абдулазиз Комилов вазири корҳои хориҷии Узбекистон ба ҷониби Тошканд изҳори миннатдорӣ аз ҳусни мусоъидат ҷиҳати баргузор намудани аввалин муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон баён кард.

Тарафайн ба дастёбиҳои бесобиқа дар соли 2018 дар пешбурди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон ишора карда, таъкид карданд, ки барои татбиқи фарогири тавофуқҳои ҳосилшуда зимни сафарҳои расми руасои ҷумҳури ду кишвар, ҳар ду ҷониб пайгирона амал менамоянд.

Бо изҳори қаноъатмандӣ аз афзоиши қобили мулоҳизаи гардиши тиҷории мутақобила дар соли гузашта байни Тоҷикистон ва Узбекистон, ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкориҳо дар ин замина тибқи супориши роҳбарони ду кишвар бо истифода аз имкониятҳои истифоданашуда таъкид гардид.

Зимни мулоқот бо Бейбут Атамқулов вазири навтаъйини корҳои хориҷии Қазоқистон маҷмуъи масъалаҳои дуҷониба, аз ҷумла дастурҳое, ки роҳбарони ду кишвар ҳангоми вохӯриҳои дуҷониба ба сохторҳои зидахл додаанд, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки мақомоти марбутаи ду кишвар иқдомҳои заруриро ҷиҳати афзун гардонидани ҳаҷми савдои мутақобила роҳандозӣ менамоянд.

Дар мулоқот бо Чингиз Айдарбеков вазири корҳои хориҷии Қирғизистон мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои Душанбе ва Бишкек ва роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда баррасӣ гардид, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили таъйини ҳудудҳои марзӣ ва мушкилоти минтақаҳои наздимарзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон бори дигар ба зарурати худдорӣ аз амалҳои якҷониба бидуни ҳамоҳангӣ дар минтақаҳои баҳсноки марзӣ, паст намудани шиддати мухолифати байни аҳолии он минтақаҳо, ҳар чӣ зудтар имзо намудани аҳднома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи марзи давлатии ду кишвар бо ба мадди назар қарор додани хати марзии қаблан мувофиқашуда ва дигар масъалаҳо бо ҷиддият ишора кард.

Ҳамчунин ҷонибҳо атрофи масоили мубрами обию энергетикӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, инчунин дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маъорифу илм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуда, тавсеъаи ҳамкориҳоро дар ин соҳаҳо ба мақсад мувофиқи шумориданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97