Боздошти чанд тан аз гурӯҳи Доъиш дар Қазоқистон

Хабари хуб 15.01.2019 11:30

Мақомоти амниятии Қазоқистон аз боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иттиҳоми анҷом додани амалиётҳои террористӣ хабар дод.

Созмони иттилоъот ва амнияти Қазоқистон дар гузориши ахири худ аз боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони чанд кишвари Осиёи Миёна ба иттиҳоми тарҳрезӣ барои анҷоми амалиётҳои террористӣ дар ин кишвар гузориш дод.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи мазкур дар торихи 10 январи соли ҷорӣ дар пайи анҷоми як амалиёти вижа дар шаҳри Алма-Ато собиқ пойтахти Қазоқистон боздошт шуданд.

Дар ҷараёни бозпурсӣ аз маҳалли истиқрори боздоштшудагон маводи тарканда, силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ кашф ва мусодира гардид.

Тибқи гузориши мақомоти зисалоҳи қазоқ, ин гурӯҳ мустақиман таҳти фармондеҳии Доъиш мустақарр дар Афғонистон қарор дошта ва қасди иҷрои ҳамалоти террористӣ дар маконҳои серодами шаҳри Алма-Атои Қазоқистонро доштанд.

Таҳқиқот дар ин хусус ҳамчунон идома дорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97