“Зардак” пӯстро ҷавон нигаҳ медорад, ё чанд иборае дар фавоъиди он

Хабари хуб 15.01.2019 10:47

Зардак ё ба иборати мардуми шаҳрнишин сабзӣ, яке аз сабзавотҳои маъмул ва серистеъмол дар байни мардуми мо мебошад.

Дар ин матн ба бархе аз фавоъиди ин сабзавоти маъруф хоҳем пардохт.

Зардак дар бартараф кардани амрози танаффусӣ (роҳҳои нафас), сурфаҳои муқовим, нафастангӣ ва дафъи кирм таъсири муъҷизаосо дорад.

Зардак ва пиёзро бо ҳам биҷӯшонед ва ба он оби лиму изофа кунед давои муассире барои даъвои амрози асабӣ, амрози кулявӣ (гурда) ва ҳамчунин ҷавонкунандаи пӯст мебошад.

Зардак муқовимати баданро дар муқобили бемориҳои сироятӣ боло мебарад.

Зардак барои тақвияти қуввои ҷинсӣ ва таҳрики ҷигар ва рӯдаҳо давои муассир аст.

Зардак барои бартараф кардани санги сафровӣ муфид аст.

Онҳое, ки гӯшти зиёд мехӯранд бояд зардак истеъмол кунанд.

Зардак боъиси тақвияти қувваи биноӣ ва дурахшандагии чашмҳо мегардад.

Агар нафастангӣ доред оби зардак бинӯшед.

Зардак барои касоне, ки мубталои марази қанд ҳастанд муфид аст.

Касоне, ки фишори хун доранд зардак бихӯранд.

Барои марази бавосир (гемарой) муфид аст.

Зардак муқаввии (тақвиятдиҳанда) меъда буда, ба ҳазми ғизо кӯмак мекунад.

Ҳамчунин коҳишдиҳандаи вазни бадан ва зидди саратон мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97