Русия дар Тоҷикистон баталиёни нави ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин таъсис медиҳад

Хабари хуб 15.01.2019 09:19

Русия бо эҷоди як баталиёни ҷадиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳайати пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистон зарфияти низомии ин пойгоҳро тақвият медиҳад.

Ин баталиён то нимаи соли ҷорӣ эҷод хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи ҳавзаи марказии низомии Русия, ин баталиён бо ҳавопаймоҳои бесарнишин “Орлан-10”, “Леер-3”, “Гранат” ва “Тахион” муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Инчунин ба ин баталиони нав, дастаи махсуси масофаҳои дур шомил мегардад, ки бо низоми дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини "Форпост" мусаллаҳ мегардад.

Ин манбаъ дар идома афзудааст, ки баталиони нав тавоноиҳои низомии пойгоҳи 201-ро барои шиносоӣ ва дақиқсозии самти оташкушоии воҳидҳои тирандозу танкиро бештар мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи декабри соли гузашта дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, алайҳи таҳдидҳо аз Афғонистон нерӯи пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистонро тақвият дода мешаванд. 

Пойгоҳи 201-уми Русия аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар хориҷ маҳсуб мешавад.

Манбаъ: https://tvzvezda.ru/news/opk/content/201901150208-pdld.htm

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97