Дар Афғонистон 70 ҳазор омӯзгор намерасад

Хабари хуб 14.01.2019 15:10

Камбуди омӯзгорони марду зан мушкили бузурге дар баробари рушди маъориф дар Афғонистон гуфта мешавад. Муҳаммад Мирвайси Балхӣ вазири маъорифи Афғонистон рӯзи гузашта дар шаҳри Ҷалолобод ба хабарнигорон гуфт, ки дар замони ҳозир ин вазорат ба 70 ҳазор омӯзгор зарурат дорад. Вай афзуд, ки талош мешавад то бо истихдоми 20 то 30 ҳазор омӯзгор дар сол, камбуди омӯзгорон то се соли оянда рафъ шавад.

Бар асоси омори вазорати маъорифи Афғонистон, ҳудуди 17 ҳазору 500 мактаб, 150 ҳазор омӯзгор ва 10 миллион талаба дорад.

Дасти кам 36 дар сади талабаҳо духтарон мебошанд.

Ба асоси гузориши Созмони Миллал, Афғонистон бо доштани 31 дар сад ҷамъияти бо савод, болотарин мизони бесаводӣ дар Осиёро дорад. Ҷангҳои тӯлонӣ, фақр ва маҳдудияти хадамоти маъориф аз омилҳои муҳимми бесаводӣ дар Афғонистон дониста мешаванд.

Созмонҳои байналмиллалӣ ҳамчунон гузориш додаанд, ҳудуди сею ним миллион атфол дар Афғонистон ба далелҳои гуногун ба мактаб намераванд. Мақомҳо дар вазорати маъорифи Афғонистон мегӯянд, ки дар замони ҳозир бештар аз як ҳазор мактаб дар манотиқи ҷангзадаи ин кишвар баста шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97