Вазири хориҷаи Украина: вуруди мардони рус барои ҳамеша бояд манъ шавад

Хабари хуб 09.01.2019 10:11

Вазири умури хориҷаи Украина гуфт, ки маҳдудияти вуруди мардони русӣ ба Украина бояд ба таври доимӣ роҳандозӣ шавад.

Бино ба гузориши Спутник, Павел Келимкин вазири умури хориҷаи Украина дар бораи вуруди мардони русӣ ба кишвараш гуфт: ман ба ин боварам, ки манъи вуруди мардони рус бисёр кори дуруст аст ва ин бархӯрд бояд ҳамеша вуҷуд дошта бошад.

Дар охирҳои моҳи ноябри соли гузашта Украина вуруди мардони руси байни 16 то 60 сола ба ин кишварро мамнуъ кард. Ба гуфтаи Пётр Сигикал раиси хадамоти марзии давлатии Украина, ин ба хотири ҳодисаи дар бандари Керч ба далели ҳолати низомӣ матраҳ шуд. Мумкин истисно дар бархе мавридҳо монанди кӯмакҳои башардӯстона эъмол шавад.

Ба гуфтаи муъовини вазири хориҷаи Украина, аз замони эълони вазъияти низомӣ 1600 нафар аз шаҳрвандони русӣ иҷозаи вуруд ба ин кишварро наёфтаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97