Ин феҳрист бар асоси синни бозигарон ва муддати қарордодҳои онҳо тартиб дода шудааст.
Маркази таҳқиқотии “CIES Football Observatory” феҳристи гаронқиматтарин футболистҳои панҷ лигаи олии урупоиро нашр кардааст.
Килиан Мбаппе ҳуҷумкунандаи фаронсавии бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса гаронқиматтарин футболисти Урупо шинохта шудааст. Ин маркази таҳқиқотӣ қимати вайро 218.5 миллион евро бароварда кардааст.
Гарри Кейн ҳуҷумкунандаи бошгоҳи “Тоттенхэм”-и Англия бо арзиши 200.3 миллион евро ва Неймар ҳуҷумкунандаи бошгоҳи “ПСЖ”- и Фаронса бо арзиши 197.1 миллион евро дар ҷойгоҳи дуввум ва саввум қарор гирифтаанд.
Бар асоси ин феҳрист Лионел Месси ҳуҷумкунандаи “Барселона”-и Испания (171.2 миллион евро) ҷойгоҳи ҳафтум ва Криштиан Роналду ҳуҷумкунандаи “Ювентус”- и Италия (127.2 миллион евро) ҷойгоҳи нуздаҳумро аз худ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Месси ва Роналду барои панҷ борӣ барандаи туби тиллоӣ маҳсуб мешаванд.



