Сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон кадомҳоянд?

Хабари хуб 08.01.2019 10:02

Сандуқи ҷаҳонии пул дар охирин раддабандии худ аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон дар соли 2018 гузориш додааст, ки кишвари кӯчаки Макао то соли 2020 ҷой Қатарро дар аввали феҳрист хоҳад гирифт.

Бар асоси дарёфти гузориши сандуқи ҷаҳонии пул интизор меравад саронаи тавлиди нохолиси дохилии Макао то ду соли дигар ба 155 ҳазору 127 доллар бирасад ва ба сарватмандтарин кишвари ҷаҳон табдил шавад. Бад-ин сурат Қатар, ки пешбинӣ мешавад саронаи тавлиди нохолиси милли худро ба 141 ҳазору 167 доллар хоҳад расонд, рутбаи худро дар ҷойгоҳи нахуст аз даст хоҳад дод.

Кишвари кӯчаки Макао бист сол аст, ки таҳти ҳокимияти Чин бозгашта ва аз он замон аст, ки табдил ба қутби шартбандӣ-қимори Чин шудааст. Ин кишвар ба унвони сарзамине худмухтори вобаста ба Чин танҳо маконе дар ин ноҳия аст, ки дар он қимор қонунӣ аст ва дар натиҷа бисёре аз шартбандони минтақа ва ҷаҳон солиёна ба ин ноҳия сафар мекунанд.

Дар ҷойгоҳҳои баъдӣ сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон бар андозагирии тавлиди нохолиси миллӣ кишварҳои Люксембург, Сингапур, Ирландия, Норвегия, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Кувайт ва Гонконг қарор доранд.

Дар ин рутбабандӣ кишварҳои Амрикодар рутбаи 12, Олмон 17, Фаронса дар рутбаи 28 ва Англия дар ҷойгоҳи 29 қарор доранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97