Дар Душанбе намоишгоҳи байналмиллалии “Тоҷикистон-2019” баргузор мешавад

Хабари хуб 08.01.2019 09:17

Охирҳои моҳи марти соли равон  дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019»  баргузор хоҳад шуд ва дар он тавлидкунандагони молҳои ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019»  бо ибтикори палатаи савдо ва  саноъат ва бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон  дар маҷмаъаи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш  муъаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар кишварт арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноъати кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилоъотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хидматрасонии бонкӣ, маснуъоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» намоиши анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97