Дар майдони Ала-Тои шаҳри Бишкек 7 январи соли ҷорӣ бо талаби берун кардани муҳоҷирони ғайриқонунии шаҳрвандони Чин аз Қирғизистон гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар ин гирдиҳамоӣ ҳудуди 300 нафар гирди ҳам омаданд.
Одамоне, ки дар майдон ҳузур доштанд, гуфтанд, иқдомро касе созмон надодааст ва онҳо бо хоҳиши худ гирди ҳам омадаанд.
Моҳи декабри соли 2018 созмони ҷамъиятии "Қирғиз чоролору" дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоии сулҳомезе барпо ва аз боздошти ақалиятҳои миллӣ дар Чин изҳори нигаронӣ карда буд
Баъди он гирдиҳамоӣ тавассути паёмрасонҳо хабаре нашр шуд, ки сокинонро ба гирдиҳамоии 7-уми январ даъват мекард. Созмони "Қирғиз чоролору" гуфт, ба паҳн кардани хабар рабте надорад.
Гирдиҳамомадагон тасмим доранд, 17 январ низ дар майдон ҷамъ шаванд.
Ин дар ҳоле аст, ки замони ахир давлати Чин алайҳи ақаллиятҳои мусалмони ин кишвар фишорҳои сахтеро рӯи даст гирифтааст.