Ҳакерҳо барои ҳамлаҳои сойбарӣ (ҳамлаҳои киберфазо) аз равиш ва шеваҳои мухталиф истифода мекунан.
Вирусҳо барномаҳое ҳастанд, ки баъд аз нуфуз дар роёна (компютер) ба рӯи файлҳои мавҷуд қарор мегиранд ва онҳоро олуда мекунанд. Вирусҳо бештар аз тариқи емайл вориди роёна мешаванд.
Кирми роёнаӣ навъи дигаре аз бадафзорҳост, ки баръакси вирусҳо мустақил амал мекунанд ва ниёзе ба файлҳои мизбон надоранд. Онҳо баъд аз нуфуз ба роёна бидуни дахолати соҳиби компютер афзоиш меёбанд.
Ваҷҳи муштараки кирмҳои роёнаӣ ва вирусҳо ин аст, ки ҳар ду файлҳоро аз байн мебаранд ё вироиш мекунанд.
Истифода аз троянҳо равиши дигари ҳакерҳо аст. Троянҳо вориди роёна мешавад ва имконро барои ҳакер фароҳам мекунад то аз дур роёнаро контрол кунад, дар воқеъ ҳакер аз ин тариқ роёнаро аз дур дар даст мегирад.
Аз ин равиш бештар барои аз кор андохтани серверҳо истифода мешавад. Ба ин тартиб ки нуфузгарҳо бо ирсоли ҳамзамони ҳаҷми зиёде аз иттилоъот аз тариқи чандин дастгоҳ, зарфияти серверро пур мекунанд ва онро аз кор меандозанд.
Бадафзорҳои ҷосусӣ низ барои сирқати (дуздӣ) иттилоъот ба сурати комилан махфиёна бар рӯи роёна истифода мешаванд. Шиносоии нармафзорҳои ҷосусӣ маъмулан аз радёбии соири бадафзорҳо душвортар аст.
Бештари амалиёти сойбариҳо (кибератака) бо ҳадафи сирқати иттилоъоти шахсӣ монанди рамзҳои убур ё мушаххасоти корти бонки анҷом мешавад.