Раванди пешрафти ҷомеъа ба суи инкишоф ва тараққӣ, ки натиҷаи он дастёбӣ ба ҷомеъаи камолёфта дар арсаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ аст, ниёзманди аз миён бардоштани шикофҳои ҷинсиятӣ ё ба иборате эҷоди баробарии ҷинсиятӣ мебошад. Бар ҳамин асос дар авоили (аввалҳо) даҳаи ҳафтоди қарни бистум, ки тавсеъаи амри муҳимме дар сиёсати давлатҳо шуд ва ҳузури занон ба унвони фоъилони шиносо дар пешрафти ҷомеъа муҳимм пиндошта шуд ва ниҳодҳои байналмиллалиро бар он водошт то потенсиалҳои занонро мадди назар қарор диҳанд.Дар ин вазъият занон на ҳадаф ва на васила, балки фишанги таъсиргузор дар пешрафти ҷомеъа шинохта шуданд. Бо нигоҳи муҳаққиқона ба пасманзари раванди пешрафти кишварҳои тавсеъаёфта равшан мешавад, ки дар фароянди гузор аз тавсеъа наёфтагӣ ба пешрафту тараққӣ, занон аз саҳмдорони аслии ин марҳила буданд.Кишваре дар харитаи ҷаҳон пайдо нахоҳад шуд, ки пояҳои тавсеъаёфтагии он танҳо ба неруи кори мардон истеҳком ёфта ва ними неруи инсонии дигар, ки ҳамоно занонанд ба дасти фаромушӣ супурда шуда бошанд. Бинобар ин ист (таваққуф) рӯи масоили занон на баҳси занонагии сирф ва суҳбат аз нигарониҳои онон аз ситами суннатҳои ҳоким аст, балки пардохтан ба мавзуъе аст, ки ба масобаи яке аз лоиҳаҳои азими пешрафти ҷомеъа маҳсуб мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба тавоноии занон ба унвони неруи муҳаррики тавсеъа ва пешрафти кишварҳо, ин массаи азими масири дастёбӣ ба ҳуқуқи авввалӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии инсон астро бо ранҷу машаққат тай намуда дар истгоҳҳои муъайяни торихӣ ба дугонагиҳои ношӣ аз ҳисси бартариятии мардон ё бо апартоиди (ҷудосозии нажодӣ) ҷинсиятӣ мувоҷеҳ шудаанд. Дар пай омади зулми мардсолор ва адами дастёбӣ ба ҳуқуқ ва арзишҳои аввалии инсонӣ ҷунбишҳои феминистикӣ ё занбоварона дар шакли сиёсӣ ва иҷтимоъӣ ва баъдҳо дар қолаби дисиплини илмӣ дар маҷомеъи илмӣ по ба гуфтумон ниҳоданд. Нутфаҳои аввалии ҷунбиши феминизм дар қолаби се мавҷ: дастёбӣ ба ҳуқуқи аввалӣ монанди ҳаққи интихоб ва рай, иштирок дар умумри сиёсӣ ва иқтисодӣ (мавҷи радикал), баргашт ба шакли аввал ё қироати нарм аз ҳуқуқи занон ё пасофеминизм, дар Ғарб ба боландагӣ ва шукуфоӣ расид. Баъдҳо ҷариқаҳои (шарора) бедорӣ бархоста аз гурӯҳи ғарбии занбоварон ба кишварҳои ғайри ғарбӣ, аз ҷумла Осиё низ расид ва занге буд барои худогоҳии занони дигари ҷаҳон. Дар ин миён Афғонистон низ аз амвоҷи ин ҷунбиш низ бе баҳра намонд. Дар давраҳои мухталиф занони огоҳ бо ҳимояти мардоне боварманд ба ҳуқуқи зан, доъияи (талаб кардан, даъво кардан) ҷойгоҳи занонро дар сиёсат ва иҷтимоъ сар доданд, ки ин худогоҳӣ ва раҳоии фард аз инқиёди дасту погири назми боло ба пойингоҳ ба шикст ва ё ҳам комёбии андак натиҷагирӣ шудааст.
Дар ин масири пурпечутоби адолатхоҳии занон, ба вижа дар мавҷи дуввум, ки мавҷи радикали феминистикӣ (як саре аз идеяҳо, ҷунбишҳои сиёсӣ ва иҷтимоие, ки ҷиҳати дастёбӣ ба баробарии сиёсию иқтисодӣ, шахсӣ ва иҷтимоии занон равона карда шудаанд) аст: баъид нест, ки гоҳ каҷроҳҳо заминаи истифодаи суварӣ аз номи адолатхоҳӣ барои занонро барои каҷравҳои ба зоҳир боварманд ба ҳуқуқи зан ва аммо дар ботини манфиъатҷӯ фароҳам кардааст. Мисолҳое аз ин ҷинс бешумор аст. Дар ин навиштор ҳузури фаъолони ҳуқуқи зан дар 17 соли ахир дар Афғонистонро ба унвони мисол меоварам. Ба назар мерасад, ки бадбахтии занони афғон ношӣ аз коркарди ду гурӯҳ аст: аввал, сохторҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва хонаводагӣ бо қироатҳои мардона, ки дар тӯли торих вуҷуд доштааст. Дувум зулми иддае аз занони босавод ва ба зоҳир мудофеъи ҳуқуқи занон ба ҳаққи занони дигар. Дар ин шакке нест, ки дар як чашмандози калон на танҳо дар Афғонистон, балки дар ҷаҳони қироати ҳокими мардона ва назмҳои суннатии маншаъ гирифта аз назмҳои падарсолор, ки дар бистар замон таҷаллӣ пайдо кардааст, омил ва муҳаррики муҳимме дар ақиб задани занон ва рондани онҳо аз ҳавзаи умумӣ ба хусусӣ будааст. Дар бораи масъалаи дуввум бояд гуфт, ки бахше аз занон, ки аламбардори ҳуқуқи зан ҳастанд низ дар фароянди ба ҳошия кашида шудан ва даст наёфтани онҳо ба раҳоӣи воқеъӣ, нақш доштаанд. Шохиси дуввумро бо мутолиъаи мавриде Афғонистон дар 17 соли гузашта ба баҳс мегирам.
Суқути Толибон муқаддимае барои зиндагии беҳтари дубораи мардуми Афғонистон, ба вижа занон буд. Дар низоми навпои Афғонистон бо таваҷҷуҳ ба нақши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи занониафғон бозтаъриф шуд. Аз шохисҳои ин таърифи ҷадид эҷоди вазорати занон, бозкушоии макотиб ва донишгоҳҳо ба рӯи духтарон, эҷоди заминаи кор ва аз ҳама муҳиммтар шаклгирии ҷомеъаи маданӣ, ки намоде аз демокросии мудерн аст, мебошад. Дар бозори гарми баҳсҳои ҳуқуқи башарӣ ва занон, ташкилоти занона дар зери маҷмуъаи ҷомеъаи маданӣ ба ҳадафи баланд кардани овози занон, расидагӣ ба мушкилоти онон ва тағйири вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъии онон оҳиста-оҳиста боло гирифт. Ин ниҳодҳо, ки маъмулан дар раъси онҳо хонумҳое, ки аз хориҷ омадаанд ва ё ҳам иртибототи васеъ бо хориҷиҳо доранд, қарор гирифтанд, бо истиқболи гарми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва хориҷиҳо рӯ ба рӯ шуданд. Аз моҳияти вуҷудии ин ниҳодҳо интизор мерафт, ки тамомии фаъолиятҳои онон дар ростои беҳбуди вазъияти занон ва расидагӣ ба мушкилоти асосии онон бошад, аммо таҷрибаи ҳузури 17 солаи ниҳодҳои гуногуни таҳти номҳои мухталиф намоёнгари ин аст, ки коркарди ин ниҳодҳо бар хилофи фалсафаи вуҷудии онҳост.
Ғолибан заноне, ки дар ин ниҳодҳо фаъолият доранд дар воқеъ аз ду гурӯҳ ташкил шудаанд: якум, занони тасмимгир ва дорои каналҳои васеъи иртибот дар ҳукумат ва ниҳодҳои хориҷӣ, дуввум заноне, ки дар бадана ҳастанд. Гурӯҳи нахуст ҷамъе аз хоҳархондаҳое ҳастанд, ки дар раддаҳои аввал ва дуввуми мудириятии ин ниҳодҳо қарор доранд ва нуфуз ба ҳалкаи онҳо ба осонӣ имконпазир нест. Ин гурӯҳ бо абзор қарор додани ҳуқуқи занон ва ҷойгоҳи онон дар сиёсат ва самтҳои давлатӣ ҳар як соҳиби тиҷоратҳои бузург ва кӯчак шуда ва ё ҳам ба мансабҳои болои давлатӣ расидаанд.
Дар кишваре, ки занони он ба ҷурми зан будан гӯш ва бинишон бурида мешаванд, хӯроки забонаҳои оташ мешаванд, бо анвоъ ва ақсоми хушунатҳо дасту панҷа нарм мекунанд ва ҳар рӯз шаллоқи мазлумияту маъсумияти зан буданро мехӯранд, дар ҳамон шаҳрҳо иддае аз занон ҳам монанди муллонамоиҳое, ки динро барои манофеъи шахсии худ дӯкон сохтаанд, дифоъ аз ҳуқуқи занро барои худ дӯкон ва абзори пружа (тарҳ, лоиҳа) гирифтан, мила, шабнишинӣ ва базмҳои хоҳархондагӣ сохтаанд. Зулмеро, ки иддае аз пружагирҳо дар ҳаққи занони афғон кардаанд, бадтарин низомҳои занситез накардаанд. Офат ин ҷост ки занони тавоманд ва дорои дарди муштарак бо занони афғон низ ҳиммат намекунанд то садо баланд карда ва занонро аз чанги бархе тиҷоратпешагони зан раҳоӣ бахшанд.
Орзу Нуристонӣ