Ба гуфтаи Вазири молияи кишвар, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои молии байналмилалӣ иқдомотеро ба хотири коҳиши мизони қарзҳои хориҷӣ рӯйи даст гирифтааст.
Сафаралӣ Наҷмиддинов дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 24 июл ба хабарнигорон гуфт, ки маблағи умумии қарзҳои хориҷии кишварамон то аввалҳои моҳи ҷорӣ беш аз як милиарду 473 миллион доларро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо шаш моҳи қабл беш аз 100 миллион долар афзоиш доштааст.
Ӯ гуфт, таҳлилҳо аз он даракгӯст, ки дар муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба маҷмӯъи тавлидоти нохолиси миллӣ беш аз 25 дарсадро ташкил додааст.
Вазири молия иллати афзоиши мизони қарзҳои беруниро ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба тарҳҳои мухталифи иқтисодӣ дар қаламрави кишвар марбут донист. Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон ба танҳоӣ имкони молии маблағгузорӣ дар тарҳҳои муҳиму стротегии худро надорад.
С. Наҷмиддинов гуфт, Чин бузургтарин қарздиҳанда ба Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва акнун маблағи эътибороти ин кишвар барои иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ ва бозсозии роҳҳо ва хатҳои интиқоли нируи барқ маблағи 549 миллион доларро ташкил медиҳад.
Ба таъкиди Сафаралӣ Наҷмиддинов, мӯҳлати пардохти эътибороти ҷониби Чин, ба хусус муассисаи молии "Эксимбонк"-и ин кишвар 20 сол буда, панҷ соли аввали он дорои имтиёз аст.
Ҳамчунин вазири молия гуфт, мизони суд ё фоидаи бештари эътибороте, ки тавассути созмонҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ихтисос дода шудаанд, ду дарсадро ташкил медиҳад. Аммо ба гуфтаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба асароти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва мушкилоти пардохти қарзҳои хориҷӣ, давлати Тоҷикистон дар музокирот ва мулоқотҳо бо намояндагони ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои коҳиши мизони қарзҳои хориҷӣ пешниҳодҳое кардааст: "Дар ин мулоқотҳо мо хостори дароз кардани мӯҳлати бозпардохти қарзҳо ва коҳиши мизони суди эътиборот шудем. Ҳамчунин аз бештари ниҳодҳои молӣ хостем, ки кумакҳои хешро на ба таври эътибор, балки ба гунаи сармояи мустақим ба иқтисоди кишвар ворид кунанд."
Вазири молия гуфт, музокирот дар ин бора бо муассисоти молӣ ҳамчунони ҷараён дорад ва "умедворем дар шароити феълии бӯҳронӣ мушкилоти пардохти қарзҳои хориҷӣ роҳи ҳалро пайдо кунанд."
Аммо ба гуфтаи масъулони вазорати молия, дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ маблағи беш аз 20 миллион долар аз қарзҳои хориҷӣ ба кишварҳо ва созмонҳои молӣ пардохта шудааст.
Талошҳо барои коҳиши мизони қарзҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки вазири молияи кишвар мегӯяд, дар нимаи дувуми соли ҷорӣ ҷалби маблағи 174 миллион долар барои иҷрои ҳашт тарҳи сармоягузорӣ дар назар аст.
Зимнан, тибқи иттилои Вазорати молия, дар соли ҷорӣ дар чорчӯби ёздаҳ тарҳ созмонҳои молии байналмилалӣ маблағи беш аз 163 миллион долар ба кишварамон ихтисос додаанд.
Масъулони вазорати молия мегӯянд, беш аз 60 миллион долар аз ин маблағҳо дар чорчӯби кумакҳои билоиваз ба Тоҷикистон ихтисос дода шудааст.