Бино ба гузориши Спутник, атрҳои мардона ва занона, ки дар тавлиди он аз Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия илҳом гирифта шудааст, дар Маскав ба фурӯш гузошта шуд.
Ҳамзамон Кремл иттилоъ дод, ки онҳо бо истифода аз номи Владимир Путин барои аҳдофи тиҷорӣ мувофиқ нестанд.
Дмитрий Песков сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия гуфт: на ҳеч касе ба ин номгузорӣ тавофуқ накардааст.
Дар яке аз марказҳои хариду фурӯши шаҳрии Маскав дӯкони ширкати русии “Leaders” ифтитоҳ шуд, ки дар он атри мардонаи “шумораи як” ва варианти занонаи он “зани русӣ”-ро ба фурӯш гузоштааст.
Дар буталҳои атр акси раҳбари Русия ба тасвир кашида шудааст.
Фурӯшандаҳои ин атр гуфтаанд, ки ин атр ҳоло ба таври намуна шинохта шуда ва мавриди алоқаи харидорон қарор гирифтааст.
Атри мардона ва занона ба арзиши 19 ҳазор рубл, муъодили 275 доллар дар қуттии чӯбии махсуси туҳфа бастабандӣ шудааст ва аммо метавон як бутали атри 100 миллилитрии онро ба таври ҷудогона дар як қуттии чӯбии махсуси ҳадия харидорӣ кард, ки нархи он 10 ҳазор рубли русӣ баробари 145 доллари амрикоӣ мебошад.