Тездавтарин бонуи риштаи дав дар Покистон духтари як мулло аст

Хабари хуб 07.01.2019 08:59

Соҳиб Усро тездавтарин бонуи риштаи давидан дар Покистон шинохта шудааст.

Усро ва хонаводааш дар минтақаи Файсалободи Покистон зиндагӣ мекунанд ва падараш қорӣ Аламхон мулло имоми яке аз масҷидҳои ин шаҳр аст.

Соҳиб Усро, ки акнун талабаи мактаб аст, дар риштаи давидан барандаи медали тилло шудааст.

Бо вуҷуди мухолифатҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ, Усро хурсанд аст, ки падараш аз вай ҳимоят мекунад.

Дар ҷомеъаи суннатии Покистон варзиши духтарон он ҳам духтаре, ки падараш мулло имоми масҷид бошад, ҷанҷолбарангез аст.

Аммо қорӣ Аламхон гуфтааст, ки парвои ҳарф ва назари мардумро надорад ва аз ин ки духтараш варзиш мекунад ва дар ин ришта пештоз аст, ба вуҷуди вай ифтихор мекунад.

  

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97