Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, ки нархи симкортҳо то моҳи марти имсол бетағйир боқӣ мемонад.
Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тофикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар ду моҳи оянда бояд комиссияи вижаи ҳукуматӣ нархи ниҳоии симкортҳоро мушаххас кунад.
Моҳи августи соли гузашта мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ таъйин карданд. Қарор буд, муқаррароти нав аз моҳи сентябр ба иҷро дарояд, вале баъдан бо дастури раиси ҷумҳур то якуми январи соли 2019 мавқуф гузошта шуд.
Ҳоло ин муҳлат ба поён расидааст ва на хадамоти зиддиинҳисорӣ, на ширкатҳои мобилӣ ва на Дастгоҳи иҷроияи президент, ки масъули ироаи пешниҳодҳо дар бораи нарх ва шеваи истифодаи симкортҳо ба ҳукумат буд, дар ин бора изҳори назаре накардаанд. Коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин масъала ба хотири забон наёфтани ниҳодҳо ва ширкатҳои мобилӣ чунин тӯл кашидааст.
Бег Сабур тасдиқ кард, ки баъзе ниҳодҳо мухолифи 250 сомонӣ шудани нархи симкортҳо ҳастанд, аз ҷумла яке аз мухолифони чунин пешниҳод худи Хадамоти алоқа мебошад.
Вай афзуд, тасмими ниҳоӣ дар ин замина эҳтимол то моҳи март гирифта шавад, вале арзиши симкортҳо чандон тағйир намеёбад.
Нархи маъмулии симкортҳо дар Тоҷикистон аз панҷ то понздаҳ сомонист. Симкортҳое, ки шумораашон "нуқраӣ" ваё "тиллоӣ" ҳисобида мешаванд, аз 100 то 1000 сомонӣ қимат доранд.
Охири соли гузашта Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба гуруҳи кории ҳукумат пешниҳод кард, ки нархи як симкорт набояд аз 100 сомонӣ, муодили даҳ доллари амрикоӣ зиёд шавад.