Арзиши суғуртаи ҳатмӣ барои мошинҳои шахсӣ дар Тоҷикистон то 10 дар сад боло рафт

Хабари хуб 05.01.2019 09:44

Афзоиши арзиши суғурта барои мошинҳо аз ҳисоби болоравии нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон аст, ки аз 50 ба 55 сомонӣ расид сурат гирифтааст.

Ба гузориши "Спутник", арзиши бимаи  ҳатмии мошинҳо шурӯъ аз 1-уми январи соли 2019 ба ҳисоби миёна аз 170 сомонӣ то ба 250 сомонӣ боло хоҳад рафт.

Инчунин, дар Тоҷикистон нархи иҷозатномаи яксолаи сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои шахсӣ низ аз 3100 сомонӣ ба 3420 сомонӣ боло бурда шуд.

Бинобар омори расмӣ, ки Вазорати нақлиёт пешниҳод кардааст, шумораи умумии мошинҳо дар Тоҷикистон июли соли 2017 ба 436 ҳазору 444 адад баробар буд. Ин ба он маъност, ки ба ҳисоби миёна ҳар хонаводаи чорум дар Тоҷикистон соҳиби мошин аст ва гароншавии нархи суғурта ба будҷаи ин хонаводаҳо таъсири сахт хоҳад дошт.

Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон, ҳар соҳиби мошин дар кишвар вазифадор аст, ки суғуртаи дошта бошад, дар акси хол нозирони бозрасии автомобилӣ ҳақ доранд ронандаро барои надоштани ин хуҷҷат  ҷарима кунанд.

То 1-уми январи соли 2019 шахсони вокеъи дар Точикистон барои суғуртаи мошини худ 127 сомонию 50 дирам ва ашхоси хукуки 247 сомонию 50 дирам масраф мекарданд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97