Ситсерон пештози озодихоҳӣ ва мардумсолории 2 ҳазор сол пеш аз мелод

Хабари хуб 04.01.2019 12:53

2125 сол қабл дар чунин рӯзе Марк Туллий Ситсерон дар шаҳристони Арпино дар 100 километри Рими кунунӣ зода шуд.

Падараш аз заминдорон ва шаҳсаворони бузурги маҳаллшон буд.

Ситсерон аз ҷумла назди файласуфи номдори замонаш Филон забони юнонӣ, фалсафа ва суханварӣ омӯхт ва дар шинохти фалсафаи Юнон аз саромадони рӯзгори худ шуд.

25 сола буд, ки яке аз осори мондагорашро дар бораи дониш ва равиши суханварӣ навишт, ки ҳанӯз муътабар ба шумор меояд.

Зиндагии ӯ се фароз дар риштаҳои суханварӣ, сиёсат ва фалсафаро нишон медиҳад, ки дар робита бо ҳар кадом навишторе ҳам аз ӯ ба ёдгор мондааст.

Ӯ нахуст дар додгоҳҳои умумии пойтахти Рум ба ваколат ва сипас ба доварӣ пардохт ва ба ин хотир суханрониҳои мондагоре дар заминаҳои гуногуни ҳуқуқӣ навишт ва эрод кард ва дар ҳамаи онҳо қонунмадориро таъкид ва вазифаи ҳар фард донист.

Ситсерон аз шинохтатарин андешмандони рӯзгори кӯҳан ба шумор меояд, зеро аз ӯ осори бисёре аз ҷумла 800 нома, 50 суханронӣ ва чандин асари назарӣ ба ҷо мондааст, ки ӯро ба унвони яке аз қуллаҳои адабиёти лотин медонанд.

Мегуфт: “барои он ки аз нахустинҳо шавӣ, аз дигарон пешӣ бигир”.

Пирӯзиҳои пайвастаи ӯ дар додрасиҳо роҳашро ба сиёсат кушуд. 43 сола буд, ки ба баландпоятарин ниҳоди идории кишвараш; яъне Сенои Рум роҳ ёфт ва як сол ба унвони консул, яъне яке аз фармонравоёни Рум баргузида шуд.

Императории Рум дар замони Ситсерон дастхуши ҷангҳои паёпай бо Ирони ашконӣ ва дигар сарзаминҳо буд ва румиён табиъатан дар меҳанпарастӣ ва бартарихоҳии нажоди худ пофишории бисёре доштанд. Аммо Ситсерон, ки аз ҳаводорони фарҳанг ва фалсафаи Юнон буд, ҳамвора ҳушдор медод, ки ҷомеъаи Рум ва румиён аз ҷомеъаи башарӣ ҷудо нест.

Ӯ ба пайравӣ аз китоби “Ҷумҳурӣ”-и Афлотун ва “Сиёсат”-и Арасту бо унвони “Ҷумҳурӣ”-и навишт ва дар он ба сароҳат аз мардумсолорӣ дар баробари худкомагӣ дифоъ кард.

48 сола буд, ки дар пай қудратгирии сенаторҳои мухолифаш аз пойтахти Рум ба Юнон табъид (бадарға) шуд. Агарчи як сол пас аз он тавонист бо ифтихор ба пойтахт ва меҳанаш бозгардад, вале аз он пас ба хусус пас аз барқарории диктотурӣ тавассути Юлий Сезар рафта-рафта қудрат ва нуфузи сиёсиашро аз даст дод ва боқии умрро ба фалсафа ва офариниши осори назарӣ пардохт.

Ситсерон файласуфе буд, ки сиёсатро лозим ва суханвариро абзори он медонист. Ӯ ҳамоне аст, ки Афлотун мехост: ҳакими сиёсатмадор ё сиёсатмадори ҳаким.

Мегуфт ҳуқуқдонон бо дониши худ ва баҳрагирӣ аз суханварӣ ҷои файласуфони сиёсатмадорро мегиранд ва дар натиҷа ҷомеъаро ба нобасомонӣ мекашонанд, ба вижа агар андешмандон сиёсатро раҳо созанд ва танҳо ба назарпардозӣ басанда кунанд.

Пас аз кушта шудани Сезар, диктаторҳои ҷонишини ӯ фармони қатли Ситсерон, саршиностарин душмани диктаторӣ дар он рӯзгорр содир карданд.

Ситсерон дар 63 солагӣ дар бандари Фурми дар 140 километрии ҷануби шарқии Рум даргузашт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97