Оё телефони ҳамроҳ ва iPad ба мағзи кӯдакон таъсир мегузорад?

Хабари хуб 04.01.2019 11:13

Ёфтаҳои пешакии як пажӯҳиши густурда нишон додааст, ки истифода аз воситаҳое монанди телефони ҳамроҳ, айПад ва компютер бо фаъолият ва тамомияти мағз ва омӯзиши кӯдакон таъсири мустақим дорад.

Пажӯҳишгарон дар институти сиҳҳати Амрико зимни таҳқиқе дар мавриди “рушди қобилияти шинохти димоғ”-и кӯдакон, беш аз 11 ҳазор кӯдаки 9 то 10 соларо дар саросари Амрико мавриди мутолиъа қарор доданд.

Ёфтаҳои ин таҳқиқ нишон дод, ки кӯдаконе, ки рӯзона беш аз 7 соъат бо саҳифаҳои телефонҳои ҳамроҳ, айПад ва ғайра дар тамос буданд, қишри димоғшон нозуктар буд. Қишри димоғ масъулияти таҷзия ва таҳлили шаклҳои мухталифи маълумоти ҳиссиро бар уҳда дорад.

Ҳамчунон кӯдаконе, ки рӯзона ҳудуди ду соъат бо сафаҳоти телефони ҳамроҳ сарукор доштанд, нишондиҳандаҳои пойинтаре дар озмоиши тафаккур ва забон гирифтанд.

Ин танҳо таъсироте аст, ки дар кӯтоҳмуддат шиносоӣ шудааст ва то ҳанӯз маълум нест, ки тамоси давомдор ва тӯлонии кӯдак дар ҷараёни рӯз бо сафаҳоти телефонҳои ҳамроҳ дар дарозмуддат чи таъсироте бар димоғи онон хоҳад дошт.

Пеш аз ин низ мутолиъоти дигар ҳокӣ аз он буд, ки кӯдаконе, ки беш аз ҳадд телевизион тамошо карда ё худро бо бозиҳаои компютерӣ саргарм мекунанд, ба эҳтимоли зиёд дучори ихтилоли (халалдор шудан) хоб хоҳанд шуд.

Як пажӯҳиши дигар низ ҳокӣ аз он буд, ки саргармии давомдор ва беш аз ҳадди кӯдакон ва навҷавонон бо фейсбук, инстаграм ва дигар сафаҳоти иҷтимоъӣ мунҷар ба мушкилоти хоб ва бурузи бархе мушкилоти афсурдагӣ дар назди онон хоҳад шуд.

Академияи тиббии атфоли Амрико соли гузашта раҳнамудеро бо ин ҷузъиёт дар мавриди корбурди сафаҳоти телефони ҳамроҳ нашр кард:

Кӯдакони зери синни 18 моҳ аслан набояд бо ин васоил сару кор дошта бошанд;

Кӯдакони 18 то 24 моҳ барои муддати кӯтоҳ он ҳам ба интихоби волидайншон видеоҳои бо кайфияти олиро тамошо кунанд;

Кӯдакони байни ду то панҷ сол набояд бештар аз як соъат он ҳам видеоҳои бо кайфияти болоро дар канори волидайншон тамошо кунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97