Бино ба гузориши дафтари матбуъотии вазорати умури хориҷаи Узбекистон, Ҷумъахон Ғиёсов намояндаи Тоҷикистон шурӯъ аз 1 январи соли 2019 ба ҳайси раҳбари Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай таъйин гардид.
Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 январ бар асоси қарори Шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии мубориза бо терроризми ин созмон, ки қароргоҳаш дар Тошканд аст, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов таъйин гардидааст.
Ғиёсов солҳои 2017-2018 дар вазифаи муъовини Раиси кумитаи иҷроияи ин сохтор кор карда, пеш аз он дар Кумитаи амнияти миллӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Сохтор ва ё ба иборати дигар бахши минтақавии зиддитеррористии СҲШ соли 2004 таъсис шуда, дар шаҳри Тошканд мақарр дорад. Давоми ду соли гузашта раҳбарии ин сохторро Евгений Сисоев намояндаи Русия ба ӯҳда дошт.
Тавре дирӯз хабаргузории давлатии«Ховар» иттилоъ дод, шурӯъ аз 1 январи соли 2019 бар асоси қарори шӯрои раҳбарони кишварҳои узви СҲШ ба вазифаи Дабири кулли ин созмон Владимир Норов намояндаи Ӯзбекистон таъйин шуд. Норов дар гузашта раиси пажӯҳишгоҳи мутолеъоти стратегии назди раиси ҷумҳури Узбекистон ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар будааст. Норов дар ин мақом Рашид Олимов намояндаи Тоҷикистонро иваз кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешаванд.