Пайдо кардани 4 ҷасади дигари тоҷик дар Магнитогорск тавассути наҷотдиҳандагон

Хабари хуб 03.01.2019 14:57

Наҷотдиҳандагон аз зери харобаҳои бинои фурӯрафта дар Магнитогорски Русия чаҳор аъзои як хонаводаи тоҷикро пайдо карданд.

Бино ба гуфтаи Сафар Сафаров консул Тоҷикистон дар Екатеринбурги Русия, ки дар маҳалли фоҷиъа қарор дошт, дар ҳоли ҳозир ҷасади онҳо дар сардхона нигаҳдорӣ мешавад. Ин афрод Раҷабмо Исоеваи 24 сола, Аҳмади 6 сола, Фотимаи 4 сола ва Саймуҳсиддини 3 сола иборат мебошад.

Масъалаи интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ин дар ҳоле аст, ки соъоте қабл хабар дода шуд, Шуҳрат Улфатов падари ин хонавода зодаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон аз зери ин хароба пайдо ва ба бемористони Челябинск интиқол дода шуд.

Тибқи додаҳо, аз оғози корҳои наҷотдиҳӣ аз ин воқеъа аз зери харобаҳо 43 одам пайдо карда шуд, ки 37 нафари онҳо, аз ҷумла 6 кӯдак ба ҳалокат расиданд ва 6 нафар бар шумули 2 кӯдак наҷот дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 31 декабри соли 2018 яке аз даромадгоҳҳои як бино дар минтақаи Магнитогорски Русия фурӯ пошид. Бар асоси додаҳои пешакӣ ин ҳодиса ба сабаби таркиши гази дохили бино рух додааст. Аз ҷумла 48 хонаи ин бино фурӯ пошидааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97