Бист сол қабл дар аввали январи соли 1999 евро ба пули расмии ёздаҳ кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо табдил шуд.
Се сол баъд наздик ба 15 миллиард банкнот ва беш аз 50 миллиард сиккаи евро дар саросари Аврупо тавлид шуда буд ва дар доду гирифтҳои рӯзонаи аврупоиён даст ба даст мешуд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 340 миллион шаҳрванди аврупоӣ дар 19 кишвар аз ин пул истифода мекунанд.
Бистумин солгарди евро ҳамзамон аст бо таваққуфи барномарезӣ шудаи банкнотҳои понсад евроие, ки ба банкнотҳои “бин Лодан” ҳам маъруфанд. Гуфта мешавад, ки ин банкнотҳои арғувонӣ анҷоми фаъолиятҳои ғайриқонуниро осон кардаанд.
Бо вуҷуди истифодаи густурда аз кортҳои бонкӣ, истифодаи банкнотҳо ва сиккаҳои евро ҳамчунон дар Аврупо ривоҷ дорад.
Олмониҳо рӯзона дастикам 103 евро дар сумкаҳояшон доранд ва ба таври миёна 80 дар сад доду гирифтҳояшонро бо пули нақд анҷом медиҳанд; онҳо дар ин замина дар садр қарор доранд.
Итолиёиҳо рӯзона дастикам 69 евро (86 дар сад) ва фаронсавиҳо 30 евро (68 дар сад) пули нақд ба ҳамроҳ доранд.
Камтарин мизони истифода аз пули нақдро дар Аврупо метавон дар миёни шведиҳо дид, ки танҳо 15 дар сади муъомилоташон ба сурати нақд анҷом мешавад. Қарор аст Шведсия аз соли 2030 ба аввалин кишвар ҷаҳон табдил шавад, ки доду гирифт бо пули нақдро ба таври комил аз байн бубарад.