Бархе аз хосиятҳои пиёз: донишмандони илми гиёҳшиносӣ муътақиданд, ки истеъмоли пиёзи хом барои рафъи нороҳатиҳои ба вуҷуд омада аз ошомидани обҳои мухталиф дар ҳангоми мусофират ва ҷилавгирӣ аз нороҳатиҳои ношӣ аз ҳавои олуда бисёр муфид мебошад. Ва низ таҳқиқоти пизишкӣ нишон медиҳад, пиёзи хом танзимкунандаи қанди хун аст ва низ хӯрдани он ба ҳангоми сармохӯрдагӣ яке аз омилҳои муассир дар беҳбудӣ аст, чаро ки ҳолати антибиётикӣ дорад ва бактерияҳоро аз байн мебарад, аммо дар робита ба витаминҳои ин хӯрдании эъҷозомез бояд гуфт; пиёз дорои витаминҳои А, В, С ва ҳамчунин дорои оҳан, гӯгирд, фосфор, калий, натрий ва йод мебошад, ки ба ҳазми ғизоҳои крахмалӣ кӯмак мекунад.
Аз ин рӯ, мегӯянд бо биринҷ пиёз бихӯред, ҳамчунин вуҷуди силис (кремнезем) дар пиёз боъис мешавад, ки устухонҳо маҳкам ва мушакҳо тақвият шавад.
Ҳамчунин пиёз иштиҳоовар ва коҳишдиҳандаи нороҳатиҳои марбут ба нафхи (дам) шикам ва ғайра аст. Зимнан пиёз барои пешгирӣ аз мубтало шудан ба артериосклероз низ ба кор меравад ва муҷиби кам шудани фишори хун мешавад.
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ истеъмоли пиёзро барои дармони норасоиҳои рагҳои хунӣ, махсусан солмандон (афроди солхӯрда) тавсия намудааст. Зеро пиёз чарбиҳои хунро коҳиш дода ва аз лахт бастани хуни дохили рагҳо ҷилавгирӣ менамояд. Ва дар охир пиёз қодир аст хатари мубтало шудан ба саратони меъдаро коҳиш диҳад.
Роҳкорҳое барои аз байн бурдани бӯйи пиёз
Истифода аз лимуи турш дар коҳиши бӯй пиёз бисёр муассир аст. Ва метавонад бактерияҳои тавлидкунандаи бӯй бади даҳонро аз байн бибарад. Ҳамчунин хӯрдани себ ва ҷавидани донаҳои қаҳва ба коҳиши танаффуси бадбӯйи ношӣ аз бӯй пиёз кӯмаки шоёне мекунад.
Бемориҳое, аз ҷумла сармохӯрдагӣ, грипп, сурфаҳои музмин (зараровар) ва ҳассосиятҳои махсус афроди бисёреро маҷбур мекунад аз доруҳои мутафовите истифода кунанд, аммо дар ин ҷо мо равишеро ба шумо нишон медиҳем, ки ба таври табиъӣ бидуни истифода аз доруҳо ин бемориҳоро дармон мекунад.
Муъҷизаи қарор додани пиёз дар гӯш
Қарор додани як қитъа пиёз дар гӯш метавонад дар дармони бисёре аз бемориҳо ба шумо кӯмак кунад. Махсусан дар фасли зимистон дамои бадан тағйир мекунад ва ба ҳамин далел бактерияҳо ва вирусҳо ва ҳамчунин уффунатҳо (инфексия) бештар аз қабл ба бадан ҳамла мекунанд ва саломатиро таҳти таъсир қарор медиҳанд.
Ин равиши дармонӣ метавонад аз ҳар шарбати зидди сурфаии дигаре дар дармони сурфаҳои мукаррари (пай дар пай) шумо муассир бошад. Илова бар ин, тангии нафас ва мушкилоти танаффусиро ба роҳатӣ дармон мекунад. Аз тарафи дигар ин равиш дарди гӯш ва садои дохили гӯшро (ваз ваз) шуморо фаврӣ коҳиш медиҳад ва низ таби бадани шуморо пойин меоварад. Аз байн бурдани аломатҳои сармохӯрдагӣ ва хосияти зидди илтиҳоб (варам) ва зидди уффунӣ кунандагӣ аз дигар хосиятҳои қарор додани бӯй пиёз дар гӯш аст.
Тавзеҳ: агар қарор додани пиёз дар гӯш барои шумо мушкил аст метавон пунияеро (пахта) ба оби пиёз (тарҷеҳан пиёзи сурх) оғушта кард ва ба муддати як соъат дар гӯш қарор дод, фақат мувозиб бошед оби пиёз даруни гӯш наравад...