Дар Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузории соҳаи фарҳанг ва варзиш 17.3 дар сад афзоиш меёбад

Хабари хуб 03.01.2019 10:04

Ҳукумати Тоҷикистон дар нақша дорад, ки аз ҳисоби афзоиши даромади будҷаи соли 2019 маблағгузорӣ барои соҳаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин кишварро афзоиш диҳад.

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд: дар муқоиса бо соли 2018 маблағгузорӣ барои соҳаҳои фарҳанг ва варзиш то ҳаҷми 17.3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Ин нишондиҳанда дар соли 2019 барои соҳаи илм ва маъориф 14 дар сад, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9.5 дар сад, тандурустӣ 7.2 дар сад пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, даромади бахши будҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2019 дар муқоиса бо будҷаи давлатии соли гузашта 13 дар сад афзоиш меёбад.

Ҳаҷми даромади будҷаи давлатӣ дар соли 2019 23 миллиарду 800 миллионро  (2.5 миллиард доллар) ташкил медиҳад, ки 13.2 дар сад бештар аз ҳаҷми даромади будҷаи соли 2018 мебошад.

Маблағи хароҷоти будҷа дар соли 2019 24.2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки 13.3 дар сад аз хароҷоти будҷаи соли 2018 бештар аст. Касри будҷаи соли 2019 дар сатҳи 0.5 дар сад аз ҳаҷми умумии маҷмуъи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар лоиҳаи будҷаи давлатии ин кишвар барои соли ҷорӣ дар ҳаҷми 78.2 миллиард сомонӣ (бештар аз 8.3 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст.

Рушди воқеъии иқтисод дар Тоҷикистон барои соли 2019 дар сатҳи 7 дар сад ва сатҳи таваррум 6.3 дар сад пешбинӣ шудааст.

https://tajikta.tj/ru/news/v-tadzhikistane-byudzhetnoe-finansirovanie-kultury-i-sporta-uvelichitsya-na-17-3

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97