Дар даргириҳои соли 2018-и Сурия ҳудуди 20 ҳазор нафар кушта шуданд

Хабари хуб 02.01.2019 13:15

Коҳиши теъдоди қурбониёни ҷанги Сурия равзанаи умеди кӯчакеро барои барқарории сулҳи пойдор дар ин кишвар эҷод кардааст. Аммо дар соли гузашта (2018) низ ҷанги Сурия бо вуҷуди камтар шудани теъдоди кушташудагон, ҳудуди 20 ҳазор қурбонӣ ба ҷои гузоштааст.

Дар соли 2018 теъдоди кушташудагони ҷанг дар Сурия ба камтарин мизон аз замони шуруъи ин ҷанг дар соли 2011 расид.

Бино ба гузориши фаъолони ҳуқуқи башар, дар соли гузашта дар ҷанги дохилии Сурия 19 ҳазору 666 нафар кушта шуданд. Дар миёни қурбониёни соли 2018 ҳудуди 6 ҳазору 400 нафар ғайринизомӣ ва 1 ҳазору 400 нафар кӯдак буданд.

Ба гуфтаи нозирони маҳаллӣ, давлати Сурия контроли ҳудуди 60 дар сади манотиқи ин кишварро дар даст дорад. Давлати Башшор Асад бо пуштибонии Русия ва Ирон тавонистааст дар ин муддат шӯришиёнро аз атрофи Димишқ ба ақиб биронад.

Шибҳинизомиёни гурӯҳи террористии Доъиш дар Сурия танҳо дар нуқоти бисёр кӯчаке, дар манотиқи марзӣ бо Ироқ ба сар мебаранд ва аз он ҷо ҳамалоти парокандаеро созмондеҳӣ мекунанд.

Гузоришҳо дар ин бора аз суи созмони дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки мақарри он дар Лондон аст, ирсол шудааст. Ба далели шароити ҷангӣ дар Сурия имкони баррасии мустақили ин гузоришҳо вуҷуд надорад.

Дар соли 2017 теъдоди кушташудаҳо дар ҷанги Сурия ба 33 ҳазор нафар расид. Бештарин шумори кушташудагони Сурия дар соли 2014 буд. Дар ин сол ҳудуди 76 ҳазор нафар дар нуқоти мухталифи ин кишвари ҷангзада кушта шуданд.

Дар соли 2014 ҷангиёни гурӯҳи Доъиш “хилофат”-и исломиро дар манотиқи таҳти тасарруфи худ эълом карданд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар аввалҳои моҳи сентяби соли 2018 ба таври ғайримунтазира дар Твиттери худ навишт, ки ҳудуди 2000 сарбози амрикоиро аз хоки Сурия хориҷ хоҳад кард. Вай эълом кард, ки Доъиш нобуд шуда ва сарбозони амрикоӣ метавонанд ба суи хонаводаҳояшон баргарданд.

Ба гузориши дидабони ҳуқуқи башари Сурия, беш аз 500 ҳазор нафар то кунун дар ҷанги Сурия кушта шудаанд.

Эътирозоти густурдаи мардуми Сурия алайҳи давлати Башшор Асад дар моҳи марти соли 2011 оғоз шуд. Дар ҷанги Сурия илова бар кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар, миллионҳо тани дигар низ овора шуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97