2019 оғози соли гарониҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Хабари хуб 02.01.2019 11:15

1-уми январи соли ҷадиди мелодӣ муҳлати муваққатии манъи фурӯши симкортҳои 250 сомонӣ ба поён расид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта дастур дода буд, ки симкортҳои 250 сомонӣ то якуми январи соли 2019 муваққатан аз фурӯш бардошта шавад ва дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур дар ин муддат дар бораи арзиши симкорт ва тартиби истифодаи он пешниҳодҳои худро бояд ироа кунад.

Ғафурҷон Эркаев раиси анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, рӯзи якуми январ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз нархи ниҳоии симкортҳо маълум нашудааст. Дар ширкатҳои мобилӣ ҳам гуфтанд, рӯзи якуми январ нархи симкортҳо тағйир наёфт ва ба муштариён низ огоҳӣ фиристода нашудааст.

Фурӯши симкортҳо бо нархи 250 сомонӣ пешниҳоди мақомоти интизомӣ ва хадамоти алоқаи Тоҷикистон буд ва бояд моҳи августи соли 2018 иҷро мешуд. Ҳоло маълум нест, ки тақдири симкортҳои 250 сомонӣ чӣ шудааст. Оё симкортҳо бо ҳамин нарх ба фурӯш бароварда мешаванд ё аз он арзонтар? Қаблан ширкатҳои мобилӣ пешниҳод кардаанд, ки арзиши як симкорт дар Тоҷикистон набояд аз даҳ доллар зиёд бошад.

Дар рӯзи якуми январи соли 2019 андоза ё мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон низ боло рафт. Ин тағйирот бар асоси қонуни будҷаиТоҷикистон сурат гирифт, ки дар он ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо аз 50 ба 55 сомонӣ боло бурда шуд.

Андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад ва болоравии он ҳаҷми тамоми ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмиро боло мебарад.

Дар ду соли охир бори дувум аст, ки ҳаҷми ҷаримаҳо дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Соли 2017 ҳаҷми "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" аз 40 сомонӣ ба 50 сомонӣ расонда шуд. Бар асоси тағйироти нав ҳама намуди ҷаримаҳо , сар аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук ба андозаи даҳ дар сад афзоиш меёбад.

Аз якуми январ арзиши патенти кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав аз 4,5 ҳазори қаблӣ ба 5 ҳазор рубл боло бурда шуд. Ҳарчанд ин қарор дар дохили Тоҷикистон нест, вале мустақим ба ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик рабт мегирад, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафтаанд, вале солҳои охир ҷайбашон аз ҳисоби пули патенту иҷора ва андоз ҳарчи бештар холитар мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97