Пешгӯйи Нострадамус барои соли 2019: заминларзаи шадид дар Амрико ва оғози ҷанги саввуми ҷаҳонӣ

Хабари хуб 02.01.2019 10:36

Тибқи пешгӯии ин фолбини кабир, дар соли 2019 ҷанги ҷаҳонӣ оғоз мешавад, ки 27 сол давом хоҳад кард.

Нашрияи “Dailystar” менависад, муҳаққиқин ёддоштҳоеро таъбир ва тафсир намуда,ки табиб ва ғайбгӯйи фаронсавӣ дар китоби “Пешгӯйҳо” аз худ ба ҷо гузошта, ки дар соли 1555 мунташир шуда буд.

Тибқи маълумоти нашрия, дар ҷумлаи 942 рубоъии Нострадамус онҳое низ вуҷуд доранд, ки фақат ба соли 2019 марбут мебошанд.

Бархе мардум номи Нострадамусро бо афсонасароӣ марбут месозанд, дигарон ӯро базургтарин ғайбгӯ медонанд, ки оташсӯзии бузургро дар Лондон дар соли 1666, инқилоби Фаронса дар соли 1789, ба қудрат расидани Гитлер, қатли Кеннедӣ ва ҳатто ҳодисаи террористии 11 сентябро пешбинӣ карда буд.

Пешгӯйҳои вай барои соли 2019 ҳайратоваранд. Муҳаққиқин дар онҳо пешгӯии роҷеъ ба дастовардҳои нави улумро таъбир ва тафсир намуда ва ҳамчунон ишоротро ба оқибатҳои харобиовари ҷанги ҷаҳонӣ ва офоти табиъӣ дидаанд. Агар ба ин натиҷагириҳо бовар кард, дар ҳамин соли нав ҷанги саввуми ҷаҳонӣ, ки 27 сол давом хоҳад кард, дар интизори мо қарор дорад. Ин нукта ки чӣ касе онро оғоз мекунад равшан нест, аммо ёддоштҳо ба афзоиши терроризм дар тамоми Аврупо ва Амрико ишора мекунанд.

Хабарҳои хуб низ вуҷуд доранд: раҳбарони кишварҳои бузург билахира ба тавофуқ мерасанд ва мувофиқатномаи ба нафъи экологиро имзо мекунанд, аммо зилзилаи азимро наметавон мутаваққиф сохт. Манбаъи он байни Калифорнияи Амрико ва Ванкувери Канада қарор хоҳад дошт.

Пешгӯиҳои аҷиб низ вуҷуд доранд, ба таври мисол ин ки истеъдоди мардумро дар бораи таъбири забони ҳайвонот ташреҳ мекунад ва дар арсаи тиббӣ гӯё муваффақиятҳое дастёб хоҳад шуд, ки ба инсон имкони 200 сол зистанро фароҳам месозад. Агар ин ҳама ҳам камтар бовар карданаш мушкил аст, Нострадамус амали террористӣ дар Ню-Йоркро пешгӯй намуда буд.

Манба:  af.sputniknews.com

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97