Амрико расман аз ЮНЕСКО хориҷ шуд

Хабари хуб 31.12.2018 12:58

Амирико барои дуввумин бор ба таври расмӣ дар мавриди хурӯҷи худ аз созмони ЮНЕСКО-ро эълом кард.

Тасмими Амрико дар робита ба хурӯҷи ин кишвар аз созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ки дар моҳи октябри соли 2017 эълом шуд, имрӯз мутобиқ бо маншури ин созмон ба иҷро даромад.

Ба ин ҳол Вашингтон вазъияти нозир дар ин созмонро бидуни пардохти пул ба “кумитаи мероси ҷаҳонӣ”-и Созмони Миллал ҳифз хоҳад кард.

Дар соли 1984 давлати Роналд Рейган низ бо муттаҳам сохтани ЮНЕСКО ба як эътилофи зидди амрикоӣ аз он хориҷ шуда буд, аммо дар соли 2003 Амрико дубора ба ин созмон бозгашт намуд. Далели хурӯҷи кунунии Амрико аз ЮНЕСКО тафовути назар дар робита ба даргириҳои Араб-Исройил эълом шудааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико бо баёни ин ки гирифтани чунин тасмим осон набуд гуфт: бо дар назардошти бидеҳии дар ҳоли рушди ин созмон, иҷоди тағйироти бунёдӣ дар он ва идомаи бе таваҷҷуҳӣ дар баробари Исройил, ин амр муҷиби нигаронии Амрико шудааст.

Маскав тасмим Амрико дар робита ба хурӯҷи ин кишвар аз ЮНЕСКО-ро як тасмими “маъюскунанда” номид.

ЮНЕСКО яке аз созмонҳои тахассусии вобаста ба Созмони Миллали Муттаҳид аст, ки дар соли 1945 ташкил шуд. Ҳадафи ин созмон кӯмак ба сулҳ ва амният дар ҷаҳон аз роҳи ҳамкории байналмиллалӣ дар заминаҳои омӯзишӣ ва илмию фарҳангӣ ва тарбиятӣ ба манзури афзоиши эҳтиром ба адолат ва қонунмадорӣ ва ҳуқуқи башар бар пояи маншури Созмони Миллали Муттаҳид аст.

195 кишвар узви ЮНЕСКО ҳастанд. Мақарри он дар Порис пойтахти Фаронса аст ва дафтарҳое дар кишварҳои мухталиф дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97