Нахуствазири пешини Покистон маҷбур ба тамизу назофат кардани муҳити зиндон шудааст.
Навоз Шариф нахуствазири пешини Покистон, ки ба ҷурми фасоди иқтисодӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳоло ба назофати зиндон гумошта шуд.
Бар асоси гузоришҳо, имрӯз Навоз Шариф маҷбур ба тоза кардани муҳити зиндон шуда ва монанди дигар зиндониҳо ба ӯ бархурд шуд.
Навоз Шариф имрӯз утоқи нигаҳбонони зиндонро тамиз кард ва мушаххас шуд, ки тибқи қонун бо вай бархӯрд сурат мегирад.
Ин дар ҳоле аст, ки Навоз Шариф барои омӯзиш ба зиндониён эъломи омодагӣ карда буд, вале ба далоили амниятӣ аз ин иқдом ҷилавгирӣ ба амал омадааст.
Пеш аз ин додгоҳи олии Покистон бо интиқоли Навоз шариф ба зиндони Лоҳур ҷиҳати наздик шудан ба хонаводааш мувофиқат кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин сиёсатмадори 69 солаи покистонӣ, ки се бор нахуствазири ин кишвар будааст, ба ҷурми фасоди иқтисодӣ ба сурати модомул умр радди салоҳият шудааст.
Аз суи дигар Шаҳбоз Шариф бародари вай низ ба иттиҳоме монанди ин дар зиндон ба сар мебарад.