Зиндагӣ дар макони сарсабз боъиси саломатии қалбу равони инсон мешавад

Хабари хуб 31.12.2018 09:24

Касоне, ки дар манотиқи сарсабз зиндагӣ мекунанд, бар асоси ёфтаҳои як пажӯҳиши ҷадид, фишори камтари равонӣ, рагҳои солимтари хун ва шанси камтари мубтало шудан ба бемориҳои қалбро доранд.

Донишмандони амрикоӣ дар ин пажӯҳиш афзун бар озмоиши хун ва идрори (бавл) 408 нафар барои шиносоии мизони хатари мубтало шудани онон ба бемориҳои қалбӣ ва фишорҳои равонӣ, тасвирҳои моҳвораии маҳалли зисти онҳоро низ ҷамъоварӣ карданд.

Касоне, ки дар маҳаллоти сарсабз зист доштанд дар муқоиса бо касоне, ки дар маконҳои камтар сабзу пурдарахт мезистанд, миқдорҳои камтари гармонҳои зояндаи фишори равониро дар хун ва идрори худ доштанд.

Ҳамчунон сокинони маконҳои сарсабз рагҳои хуни солимтар нисбат ба касоне доштанд, ки дар ҷойҳои камтар сабз зиндагӣ доштанд.

Яке аз пажӯҳишгарони ин таҳқиқ гуфт, аз ёфтаҳои ин пажӯҳиш бармеояд, ки тамос ва ҳамсоягии давомдор бо табиъат мумкин яке аз равишҳои коҳишдиҳандаи хатари мубтало шудан ба бемории қалб бошад.

Аксари ширкаткунандагони ин пажӯҳиш, ки миёнгини умрашон 51 солро ташкил медод, изофаи вазн, мубтало ба фишори баланд ё холестерини баланди хун буданд ва бештари онон дар маконҳое зист доштанд, ки онҷо камтар сарсабз буд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, муҳити сарсабз аз як су мардумро ба фаъолияти физикӣ тарғиб карда ва аз суи дигар бо коҳиши олудакунандаҳо кайфияти ҳаворо беҳбуд мебахшад.

Муҳити сарсабз бо хуш сохтани табъ, ҷилавгирӣ аз афкору эҳсосоти манфӣ ва надоштани издиҳом ва сару садои зиёди ношӣ аз мошинҳо ва техникаҳо, сабаби коҳиши стресс ва фишори равонӣ мешавад.

Бо ин ҳол, танҳо зиндагӣ дар муҳити сарсабз мутазамини (зомини) саломати қалб ва равони инсон набуда, балки авомили дигар монанди синн, нажод, ҷинс, вазн, истеъмоли духониёт ва алкул, вазъияти иқтисодӣ ва ғайра на танҳо дар саломати қалб, балки сиҳҳати умумии бадан нақши боризе дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97