Соли 2018 барои бештар аз 8 ҳазор ҷуфти марду зан дар Тоҷикистон соли хубе набуд, чун онҳо баъди солҳо ва ё моҳҳо зиндагии якҷоя аз ҳам ҷудо шуданд. Агарчӣ дар соли 2017-ум 10 ҳазор хонавода аз ҳам пошид, вале ин тамоюли манфӣ ҳамчунон дар Тоҷикистон коҳиши чашмгир наёфт ва идома кард.
Як сокини шаҳри Душанбе ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди ин ки ин талоқу ҷудоиҳо чи паёмадеро барои ҷомеъаи Тоҷикистон дар пай хоҳанд дошт?, гуфт: “оқибаташ вайрон шудани ҷомеъа аст. Ҷомеъа аз хонавода вобаста ва иборат аст. Хонаводаҳо, ки вайрон шаванд, дар ниҳоят ҷомеъа ба як ҷангал табдил мешавад”.
Ба қавли як сокини дигари Душанбе, тағйири арзишҳо, шакл гирифтану рушд кардани фардгароӣ (индивидуализм), дигаргуна шудани ҷавонони тоҷик дар муқоиса ба солҳои пеш аз сабабҳои дигари талоқу ҷудо шудани хонаводаҳо дар Тоҷикистон будааст.
Ҳамчунин сокинон ба ин назаранд, ки миҳоҷират ва фироқ аз омилҳои аслии талоқ дар Тоҷикистон ҳам ба ҳисоб меравад ва инро на фақат раҳгузарон мегӯянд, балки таҳқиқу пажӯҳишҳо нишон додаанд. Мардони тоҷик дар Русия ва дур аз фарзанду ҳамсар зиндагӣ мекунанд ва чун дур ҳастанд, меҳр низ кам мешавад ва саранҷом ба талоқу ҷудоӣ оварда мерасонад.
Рустами Шоҳмурод вазири адлияи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар аввали соли 2018 гуфт, аз байни 10 ҳазору 100 нафар, ки дар соли 2017 аз ҳам ҷудо шудаанд, беш аз 7 ҳазор нафари онҳо фарзанди ноболиғ доштаанд. Насле, ки онҳоро ояндаи ҷомеа меноманд.
Манбаъ: радиои Озодӣ