Маҷлиси намояндагони парлумони Ҳинд ахиран қонунеро ба тасвиб расонд, ки се талоқ кардани занони мусалмонро мамнуъ ва онро ҷинояти қобили пайгарди қонунӣ эълом мекунад.
Ин қонун гуфтани талоқи сегонаро як кори қобили муҷозот бо ҳабси то се сол эълом менамояд. Ин тарҳ ҳуқуқи занони мусалмонро дар мавриди ҳукми издивоҷи соли 2018 ҷойгузин хоҳад кард.
Додгоҳи олии Ҳинд дар моҳи августи соли гузашта ва дар пай эътирозоти занони мусалмон эълом карда буд қонуне, ки ба мардони мусалмон иҷоза медиҳад то занонро сирфан бо се бор адои калимаи талоқ ба забони арабӣ талоқ диҳанд, бар хилофи қонуни асосии Ҳинд аст.
Бар ин асос давлати Ҳинд низ ба дунболи он буд то бо тасвиби қонуне дар ин бора ба сароҳат ин корро мамнуъ ва ба ҷурме табдил кунад, ки наметавон ҳеч қарори васиқае низ дар қиболи он дарёфт кард.
Ровӣ Шанкар вазири адлияи Ҳинд дар ин робита гуфт, ки давлат рай додгоҳи олиро як бори дигар таъйид кард, зеро бо вуҷуди рай додгоҳ, боз ҳам ин тахаллуф дар Ҳинд анҷом мешавад.
Бар асоси қонуни нави давлат, аз ин ба баъд мухолифони боздоштшуда ва пас аз муҳокима низ ба дасти кам се соли зиндон маҳкум мешаванд.
Бархе ин дастурамалро, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи занони мусалмон таҳия шудааст, талоши Нарендра Модӣ нахуствазири Ҳинд барои ҷалби назари занони мусалмони дорои ҳаққи рай тавсиф карданд.
Модӣ моҳи гузашта дар хитоб ба занон эълом кард, ки то замоне, ки дар ин бора адолат ҳоким нашавад, аз талош даст бар намедорад.