Соли ҷорӣ 1300 хонавода аз Тоҷикистон ба Русия кӯчидаанд

Хабари хуб 29.12.2018 09:22

Владимир Маркевич раҳбари намояндагии вазорати умури дохилаи Русия зимни як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: соли 2018 аз Тоҷикистон ба Русия бар асоси барномаи “Переселение” тақрибан 1 ҳазору 300 хонавода, иборат аз 5 ҳазору 500 нафар кӯч бастаанд ва ин теъдод дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гуфти ӯ, шумораи талабгорони кӯчидан ба Русия то охири имсол тақрибан ба дувуним ҳазор хонавода хоҳад расид.

Вай дар идома бо баёни ин ки шаҳрвандони Тоҷикистон асосан аз тариқи барномаи давлатии “Переселение” ба Русия рафтан мехоҳанд, афзуд: соли 2017 аз Тоҷикистон бар асоси ин барнома 1 ҳазору 200 хонавода ва соли 2016 820 хонавода кӯчидаанд.

Маркевич дар идома тасреҳ кард: “онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба минтақаҳои мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Барои кӯчидану шуруъи зиндагӣ дар ҷои нав ҳукумати Русия ба ҳар аризадиҳанда 250 ҳазор рублӣ ва барои ҳар сари узви хонавода 120 ҳазор рублӣ медиҳад. Ҳоло масъалаи зиёд кардани маблағ низ баррасӣ мешавад”.

Бар асоси ҳисобҳои оморӣ, дар тӯли солҳои истиқлол беш аз 300 ҳазор сокини Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.

Дар нишасти матбуотии масъули ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират, бештар аз он интиқод шудааст, ки бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон баъди гирифтани шаҳрвандии Русия “аз кӯчидан ба ин кишвар шитоб намекунанд” ва дар Тоҷикистон зиндагиро идома медиҳанд.

Маркевич гуфт, “мутаассифона, як дархости аризадиҳандаҳо барои иштирок дар ин барномаи давлатӣ бо ҳадафҳои ниҳоии онҳо мувофиқат намекунад. Бисёре аз онҳое, ки ба мо муроҷиат мекунанд, бо назардошти осонтар будани гирифтани шаҳрвандӣ аз рӯи барнома, соҳиби шаҳрвандӣ мешаванд, вале ба Русия намекӯчанд. Ҳадаф маълум аст: шаҳрвандӣ имкон медиҳад, ки бидуни гирифтани патент, пардохти андоз, халос шудан аз дардисарҳои ходимони ҳифзи қонун ба сар баранд”.

Барномаи давлатии “Переселение” аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва дар 11 соли фаъолияташ, бино ба иттилоъи расмии мақомоти Русия, 800 ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оваранд.

Бархе соҳибназарон мегӯянд, дар солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русияро дарёфт кардаанд, ба маротиб бештар аз он аст, ки дар матбуот нашр мешавад. Тоҷикистону Русия низоми барномаи душаҳрвандӣ доранд, ки ҳуқуқи доштани шиносмномаҳои ду кишварро ба сокинони ин кишвар фароҳам меоварад.

Мақомоти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 нахуст, дипломатҳо, баъдан кормандони амнияту андоз, додситонӣ, вакилони мудофеъ, хидматичёни давлатӣ ва ахиран милисаҳоро аз доштани душаҳрвандӣ маҳрум кард.

Манбаъ: centralasian.org

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97