Нигора Давричинской раҳбари ҳайати эъзомии бостоншиносии институти бостоншиносии фарҳангистони улуми Русия дар нишасте хабарӣ дар Тошканд гуфт: девори бузурги Бохтар шабеҳи девори бузурги Чин дар Убекистон кашф шудааст.
Вай афзуд: пажӯҳишҳои бостоншиносии анҷомшуда дар қалъаи Узундара дар қарни саввуми қабл аз мелод нишон доданд, ки девори бузурги Бохтар мушобеҳи девори бузурги Чин дар даврони Сулукиён барои ҳифозат аз марзҳои шимолӣ дар баробари таҷовузи кӯчнишинон сохта шудааст.
Нигора тасреҳ кард: қалъаи Узундара дар куҳҳои Бойсун, ки ба гуфтаи донишмандон, марзи табиъии давлат дар он замон буд, қарор дошта ва деворҳои ин қалъа то 3 ҳазор метр тӯл дорад.
Ин бостоншинос идома дод; ба гумони бостоншиносон дар қалъаи Узундара подгони (гарнизон) мақдунӣ, ки марзҳои шимолии давлатро аз таҷовузи берунӣ ҳимоят мекардаст, мустақарр буда ва ин қалъа метавониста аз онон дифоъ кунад ва дар сурати ниёз аз тариқи дуд ё оташ ҳамлаҳоро ба дигарон иттилоъ диҳанд.
Вай ёдоварӣ кард: бостоншиносон дар ҳуфориҳои (ковиш) худ чанд қитъа кулоҳи филизӣ, аслиҳа, ҳудуди 200 сикка ва қитъаҳои зарфҳои сафолиро кашф карданд.
Таҳлилҳои ин иктишофот нишон медиҳад, ки ин қалъа фақат ҳудуди 150 сол мавриди истифода қарор доштааст.
Марид ба зикр аст, ки девори Чин тӯлонитарин ва бузургтарин сохти муҳандисии дифоъӣ ва низомӣ аз лиҳози замони сохт дар ҷаҳон аст. Ин девор дар нақшаи ҷуғрофиёии Чин 21 ҳазору 196 километр дарозӣ дошта ва дар соли 1987 дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ сабт гардидааст.
Манбаъ: Форснюз