Соли Хук чи гуна соле аст?

Хабари хуб 28.12.2018 14:01

Тақсими дувоздаҳтоӣ фақат хоси моҳҳои сол нест, балки чиниҳо ва усулан аҳли нуҷум ҳам солҳоро ба давраҳои дувоздаҳтоӣ тақсим кардаанд, ки ҳар кадомро бо намоди як ҳайвон мушаххас мекунанд. Муш, гов, паланг, гурба (аз назари мисриҳо харгӯш), наҳанг, мор (аждаҳо), асб, гӯсфанд (буз), маймун, хурус (мурғ), саг ва хук.

Ин давраҳо оғоз ва авҷу фуруд доранд ва тағйироти онҳо шабоҳати ном ва тамом бо фаслҳои сол доранд. Оғози сабз шудан ва умеду рӯшноӣ мисли баҳор, авҷи гармо ва баракат монанди тобистон, фуруди нарм ва оҳиста чун пойиз ва сармое, ки дар дили он зиндагӣ барои оғози дубора худро омода мекунад, ҳаммонанди зимистон.

Хук охарин ҳалқаи дувоздаҳгонаи солҳост ва дар батни худ зиндагии дубора бо тамоми шӯру шарашро дорад. Ҳар чи талхӣ ва нигаронӣ ва изтироб дар солҳои гӯсфанду маймун ва хурусу саг вуҷуд дошт дар соли хук ҷояшро ба оромиш ва шодию роҳатӣ медиҳад.

Аз назари толеъбинии чинӣ соли Хук беҳтарин сол барои тамоми мардуми дунёст, чун дар ин сол кори фаровон барои ҳама вуҷуд дорад ва гардиши пул одилона хоҳад буд.

Соле, ки аз дасти гирифториҳои сиёсӣ ва идорӣ метавон нафасе ба роҳатӣ кашид. Соле, ки барои равшанфикрон ва аҳли ҳисобу китоб ба як андоза хуб аст. Яъне соли таъодул ва таносуб.

Аз назари толеъбинии чинӣ дар ин сол хиёнатҳо ва беэътимодиҳо бисёр кам хоҳад буд. Соли сулҳталабии амиқ, соле, ки сулҳу созиш ҷойи баҳсҳои тунд ва ҷангро мегирад.

Соле, ки адабиёт ва нависандагону шуъаро ба муваффақиятҳои чашмгире ноил хоҳанд шуд.

Бачаҳое, ки дар баҳор ва тобистони соли Хук таваллуд мешаванд дар рифоҳ ва осудагӣ зиндагӣ хоҳанд кард.

Албатта ба далели соддагии беш аз ҳадди Хук имкони зудбоварӣ, фиреб хӯрдан ва навмедӣ ҳам вуҷуд дорад.

Аз бадиҳои соли Хук ин аст, ки афрод аз ҳамдигар тақозои кӯмаки камтаре мекунанд ва эҳтимолан осеби бештаре мебинанд.

Мегӯянд, ки Хук ҳаргиз муҳтоҷ нахоҳад шуд. Бинобар ин аҷиб нест миллиардерҳои саршиносе чун Рокфеллер, Форди аввал ва Ротшилди аввал мутаваллиди соли Хук бошанд.

Дигар аз мутаваллидин саршиноси соли Хук Паскал физик ва риёзидони фаронсавӣ мебошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97