2018 соле, ки бузургони тоҷикро бо худ бурд

Хабари хуб 28.12.2018 10:29

Соли 2018 дар Тоҷикистон соле буд, ки беҳтаринҳои ин миллат дар соҳаи адабиёт, торих ва синаморо аз байн бурд.

Бозор Собир, шоъири халқии Тоҷикистон

Дар торихи 1 май соли 2018 дар синни 79 солагӣ дунёро падруд гуфт

Бозор Собир дар соли 2013 пас аз муҳоҷират дар Амрико ба ватан баргашт. Вай пас аз чанд муддати иқомат дар Душанбе дар соли 2018 ба иллати бад шудани вазъияти саломатиаш дубора ба Амирко баргашт.

Дар рӯзҳои ахири бемориаш дар беморхонаи муроқибатҳои вижаи (эҳё) шаҳри Сиетли Амрико ба бистари беморӣ хобид.

Пизишкон бемории фибрози шушӣ дар шоъирро ташхис карданд ва ӯро ба дастгоҳи ҳаводиҳии маснуъӣ васл карданд. Аммо шоъир дигар ба ин беморӣ тоб наоварда, дар торихи 1 май даргузашт. Ҷасади Бозор Собир пас аз чанд рӯз ба Душанбе интиқол ва 15 май дар гӯристони Лучоб ба хок супурда шуд.

Муъмин Қаноъат, шоъири халқии Тоҷикистон

Дар торихи 18 майи соли 2018 дар синни 86 солагӣ ба ҷавори ҳақ пайваст

Бино ба гуфтаи назидикони ин шоъири шаҳир, вай тай ду моҳи қабл аз маргаш ба бемории сахт гирифтор шуд ва билахира дигар бо аҷал дасту панҷа нарм карда натвонист ва 18 май даргузашт.

Муъмин Қаноъатро дар қабристони Лучоб дар ҷавори Бозор Собир ба хок супурданд.

Аз ин шоъири шаҳир осори зиёде аз ҷумла “Сурӯши Сталингард” ба ёдгор мондааст. Муъмин Қаноъат аз нодир шуаърои муъосири тоҷик аст, ки дар навиштани достон назир надошт.

Раҳим Масов, академик, муаррихи барҷастаи тоҷик

21 июни соли 2018 дар синни 79 солагӣ аз дунё даргузашт

Дар моҳи июни соли ҷорӣ академики тоҷик бо диагнози бемории сактаи мағзӣ бистарӣ шуд ва таҳти муроқибати пизишкон қарор гирифт. Аммо пас аз гузашти чанд рӯз дилаш аз кор монд.

Масов тай солҳои ахири умраш як фонди таҳқиқотӣ-илмии худро таъсис кард. Вай умед дошт, ки ин фонд барномаҳои таҳқиқотӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ ва конфренсияҳои илмӣ баргузор хоҳад кард. Ин фонд дар ҳоли ҳозир фаъолият мекунад. “Торихи табартақсим” аз осори машҳури Масов баршумурда мешавад.

Исо Абдурашидов, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Дар торихи 15 декабри соли ҷорӣ дар синни 71 солагӣ дунёро тарк гуфт

Ӯ беш аз 50 нақш дар театр ва синамо бозидааст. Вай бо иҷро кардани нақши Сталин дар “Драмаи миллат” машҳур аст.

Аз соли 1989 то 2008 театри академии давлатии ба номи Лоҳутиро раҳбарӣ кардааст. Вай соли 2008 аз театр рафт ва дар як гуфтугӯяш изҳор дошт, ки тамошибинон дигар шавқи рафтан ба театро гум карданд.

Исо Абдурашидов дар филмҳои машҳури "Дом барои шағолҳо" ва "Дарди ишқ" ва чандин дигар филмҳо нақш бозидааст.

Манбаъ: Asia-Plus

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97