Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода ва мудофиъаи граждании Тоҷикистон, намояндагии маркази шоҳ Салмони Арабистони Сауъдӣ барои пешгирӣ ва бартараф кардани офатҳои табиъӣ ба Тоҷикистон 500 ҳазор доллар ҷудо кард.
Санад дар мавриди ҷудо кардани ин миқдор маблағ аз тарафи намояндаи маркази дастгирӣ ва ёрии гуманитарии шоҳ Салмони Саъудӣ Аҳмад Биз ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон Рустам Назарзода ба имзо расид.
Ин кӯмакҳо аз булдозеру экскаватор, автотрейлери пурқудрат, мошини навъи "Пикап" иборат буда, арзиши умумиашон 500 ҳазор доллар арзёбӣ мешавад.
Аҳмад Биз намояндаи маркази шоҳ Салмон дар маросими тақдими кӯмакҳо гуфт, ки маркази онҳо бо кишварҳои, ба қавли ӯ, дӯсте чун Тоҷикистон "ҳамкории беғараз" роҳандозӣ кардааст.
Ӯ гуфт, "марказ ба тамоми кишварҳои дӯсту бародар, ки дар ҷаҳон ҳастанд, ёрӣ мекунад. Бояд бигӯям, ки ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад, мустақил аст, дар байни ҳеҷ дин ва давлату шаҳрванд фарқ намегузорад ва бетараф аст”.
Мақомоти Арабистони Саудӣ мегӯянд, Тоҷикистон баъди Ямани ҷангзада дуввумин кишвари бузурги қабулкунандаи кӯмак аз маркази имдодии шоҳи Саъудӣ маҳсуб мешавад. Дар се соли охир маркази имдоди шоҳи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 9 миллиону 500 ҳазор доллар барнома иҷро карда ва ё кумаки башарӣ ироа кардааст.
Кӯмакҳои ба ном башарӣ ва молии Риёз ба Душанбе дар ҳоле рӯ ба афзоиш аст, ки равобити Тоҷикистон ва Ирон ду кишвари ҳамзабон тай чанд соли ахир ба шиддат рӯ ба сардӣ овардааст.