Хурӯҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон ба нафъи Толибон аст

Хабари хуб 27.12.2018 14:44

Таҳлилгарон хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро ба нафъи гурӯҳи Толибон ва Русия унвон карданд.

Нашрияи “The Foreign Policy” дар робита ба ин мавзуъ менависад: чунин иқдом на танҳо ба ҳадия барои тундравон ва Маскав мубаддал хоҳад гашт, балки Афғонистонро дубора ба марҳилаи нави ҷанги дохилӣ хоҳад кашонд.

Қабл аз ҳама хурӯҷи нерӯҳо аз Афғонистон ба нафъи ҷунбиши тундрави исломии “Толибон” (созмоне, ки фаъолияти он дар Русия мамнуъ мебошад), ки ҳадафи онҳо хурӯҷи комили ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар мебошад, тамом хоҳад шуд. Аз ҷониби дигар, ин кор ба ташдиди тазодҳои дохилӣ дар ҳукумати Афғонистон қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2019 боъис хоҳад шуд.

Ин нашрия дар идома навишт: “агар Трамп ба хурӯҷи шитобкоронаи низомиёни Амрико бидуни ақд бастани муъомилаи пойдор ҳозир гардад, оғози тадриҷии марҳилаи нав ва бисёр тези ҷанги дохилӣ тақрибан тазмин шуда метавонад”.

Ин нария хотирнишон мекунад: “дар халои иҷодшудаи қудрат, ки бо рафтани Амрико ба вуҷуд меояд, бозигарони дигари минтақавӣ, монанди Пекин ва Русия бо аҷала ҷиҳати ҳимоят аз фраксияҳои афғон хоҳанд шитофт ва вазъе ба вуҷуд хоҳад омад, ки дар аввалҳои солҳои 90 вуҷуд дошт” ва меафзояд, ки кишвар метавонад як бори дигар ба паноҳгоҳи террористҳои байналмиллалӣ табдил шавад.

Маврид ба зикр аст, ки қабл аз он ки хурӯҷи қисме аз нерӯҳо аз Афғонистон эълом гардад, Трамп раиси ҷумҳури Амрико эълод дошт, ки Вашингтон бар пирӯзӣ бар ДОИШ даст ёфта, аз ҳамин рӯ аз Сурия низомиёни амрикоӣ хориҷ шуда метавонанд.

Манбаъ:af.sputniknews.com

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97