Ин иқдом, ки дар пай интиқодҳои густурдаи мудофеъони ҳуқуқи ҳайвонот рӯи дод, нишонае аз як тағйири фарҳангии умда дар равиши зиндагии шаҳрвандони ин кишвар баршумурда мешавад.
Кореяи Ҷанубӣ дар даҳаҳои ахир бо интиқодоти бисёре дар бораи суъи рафтор бо сагҳо ва масрафи гӯшти ин ҳайвонот дар бархе шаҳрҳои худ мувоҷеҳ буд.
Торихи истеъмоли гӯшти ин ҳайвонот дар ин кишвар ба даврони се подшоҳи дар садаи аввали мелодӣ дар нимҷазираи Корея боз мегардад.
Муборизаҳо ва таблиғоти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуки ҳайвонот дар моҳи июни соли ҷорӣ натиҷа дод ва додгоҳе дар ин кишвар куштори сагҳоро мамнуъ кард.
Мун Чже Ийн раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ тобистони имсол ба унвони чеҳраи таблиғотии маъракаи ҳимоят аз сагҳо ҳозир шуд, ки мардумро аз хӯрдани гӯшти ин ҳайвонот манъ кунад.
Охирин назарснаҷии муассисаи Gallup нишон медиҳад, ки 70 дар сади мардуми Кореяи Ҷанубӣ ва ҷавонон моил ба хӯрдани гӯшти саг нестанд. Ин омор дар соли 2015 наздик ба 40 дар сад буд.
Нигаҳдорӣ аз сагҳо ба унвони ҳайвони хонагӣ тай солҳои гузашта яке аз омилҳои ин тағйири дидгоҳ дар миёни мардуми Кореяи Ҷанубӣ аст.
Натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки аз ҳар чаҳор шаҳрванди кореягӣ як нафаршон аз сагҳо ба унвони ҳайвони хонагӣ нигаҳдорӣ мекунанд. Ва дар моҳе наздик ба 90 доллар барои ин ҳайвоноти худ сарф мекунанд.
Манбаъfa.euronews.com