2018 соле расвоӣ ва шармсорӣ барои Фейсбук

Хабари хуб 27.12.2018 10:51

Фейсбук рӯзҳои хабарсозии сахтро дар соли 2018 аз сар гузаронд. Меҳвари асосии ин расвоӣ ва ҷанҷолҳо фурӯши иттилоъоти хусусии миллионҳо корбари ин шабака буд. Бузургтарин расвоиро фурӯши иттилоъоти корбарон ба ширкати мушовараи сиёсии “Кембриҷ Аналитика” рақам зад.

Соли 2018 барои Фейсбук аз замони оғоз ба кори ин шабакаи иҷтимоъии пуртарафдор, сахттарин соли корӣ будааст. Чандин расвоӣ бар сари интишори иттилоъоти хусусии миллионҳо корбар, Марк Зукерберг поягузори Фейсбукро бо интиқодҳои шадиде мувоҷеҳ кард.

Дар моҳи март фош шуд, ки ширкати Кембриҷ Аналитика як ширкати мушовараи сиёсӣ ва таҳлилӣ, ба иттилоъоти шахсии 87 миллион корбари Фейсбук дастрасӣ доштааст. Дар ибтидо масъулони Фейсбук талош карданд ин мавзуъро кӯчак ҷилва диҳанд, аммо расонаҳо ба баррасии абъоди (тарафҳо) ҳамаҷонибаи он пардохта ва гузориш доданд, ки иттилоъоти корбарҳо бидуни ин ки онҳо иттилоъе аз ин мавзуъ дошта бошанд, барои таблиғоти сиёсӣ ва интихоботӣ дар ихтиёри Кембриҷ Аналитика қарор дода шудааст.

Пас аз он буд, ки Зукербург маҷбур ба узрхоҳӣ аз корбарон шуда ва иқрор кард, ин иқдоми Фейсбук суъистифода аз эътимоди корбарон будааст.

Сиёсатмадорони амрикоӣ аз ҳар ду ҷабҳаи ҷумҳурихоҳ ва демократҳо ба шиддат ба ин амалкарди Фейсбук вокуниш нишон доданд.

Демократҳо ба ин бовар буданд, ки русҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016-и Амрико мудохила карда ва натиҷаи онро тағйир додаанд. Дар муқобил ҷумҳурихоҳон эътиқод доштанд, ки тасвири ироа шуда аз Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бо воқеъият ҳамхонӣ надорад. Шиддати ин интиқодҳо ба ҳадде боло гирифт, ки охирҳои моҳи апрел Зукерберг барои посух ба пурсишҳои намояндагон дар Кунгураи Амрико ҳозир шуд.

Пас аз он навбати расвоиҳои ҷадиди дигар буд, ки гиребони Фейсбукро бигирад. Барои намуна ҳудуди ду моҳ пеш фош шуд, ки ҳаккерҳо муваффақ шуданд иттилоъоти хусусии 50 миллион корбарро дуздӣ кунанд. Дар моҳи декабр Фейсбук маҷбур шуд эълом кунад ба далели бурӯзи як ҳуфраи амниятии аксҳои мунташиршудаи ҳудуди 7 миллион корбар ба муддати 12 рӯз қобили дастрасии ҳамагон будааст.

Ин ҷанҷолҳо табиъатан бар саҳҳоми Фейсбук дар бозорҳои бурс низ таъсир гузошт ба тавре ки пойизи имсол саҳҳоми ин ширкат барои муддате суқути 20 дар садиро таҷриба кард. Ҳарчанд дар ниҳоят Фейсбук ба рағми суқути саҳҳом ҳамчунон сердаромад аст.

Роджер Макнейми аз мушовирони пешин ва сармоягузорони нахустини Фейсбук эҳтимол медиҳад, ки Зукерберг ба зудӣ бо буҳроне амиқтар рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва он ҳам аз байн рафтани эътимоди кормандони Фейсбук аст.

Ин ширкат дар ҳоли ҳозир 30 ҳазор корманд дорад ва он гуна ки Макнейми мегӯяд, кормандон рафта рафта дигар ҳозир нахоҳанд буд то чашмшонро ба рӯи бархе мавзуъот мисли нақши Фейсбук дар берун ронда шудани мусалмонони Роҳингия аз Мянма, ҷудоии Британия аз Иттиҳодияи Аврупо ё мудохила дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико бибанданд ва ба ин масоил беэътино бошанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97