Интизор меравад, ки шумораи аҳолӣ дар Тоҷикистон то соли 2023 ба 10 миллион нафар бирасад
Дар ин бора рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон зимни ироаи паёми хеш ба Парлумони ин кишвар хабар дод.
Ҳамзамон раиси ҷумҳур хотирнишон кард, ки дар ҳоли ҳозир аҳолии Тоҷикистон 9 миллиону 100 ҳазор нафар буда, сатҳи фақру камбизоатӣ дар ин кишвар ба 29.5 дар сад коҳиш ёфтааст.
Вай дар идома тасреҳ кард, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 350 ҳазор ҷои нави корӣ иҷод гардид ва теъдоди шаҳрвандоне, ки барои муҳоҷирати корӣ ба хориҷ сафар мекунанд, то 25 дар сад кам шуд.
Афзоши босуръати аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст. Наздик ба се миллион (2 миллиону 938) нафар аз аҳолии Тоҷикистон шахсони аз 1 то 14-соларо ташкил мекунад.
Нуфусшумории охир дар Тоҷикистон соли 2010 сурат гирифта буд, ки тибқи натоиҷи он аҳолии кишвар аз 7 миллиону 417 ҳазор нафар иборат буд. Бар хилофи ақидаи роиҷ дар Тоҷикистон шумораи занон аз мардон дида ҳудуди 100 ҳазор нафар камтар будаанд. Ҳоло дар кишвар 4 миллиону 329 мардон ва 4 миллиону 222 ҳазор нафар занон ба сар мебаранд.