Дар Тоҷикистон идораҳои кумак барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ таъсис мешавад

Хабари хуб 27.12.2018 09:01

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар дафтарҳои ироаи кӯмаки равонӣ ва пизишкӣ барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ иҷод мекунад.

Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин иқдом дар чорчӯби иҷрои қонуни “ҷилавгирӣ аз хушунат дар хонавода" ва "барномаи давлатии ҷилавгирии ингуна хушунат дар солҳои 2014-2023” гирифта мешавад.

Бемористонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуданд, ки дафтарҳои ироаи кӯмаки равонӣ ва пизишкӣ ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ иҷод кунанд.

Гуфта мешавад, ки ин дафтарҳо дар сартосари кишвар, аз ҷумла, дар манотиқи дурдаст таъсис мегарданд ва кормандони пизишкӣ омӯзиши вижа хоҳанд ёфт.

Афзун бар ин, дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо шумораи телефони боварии дафтарҳои кӯмаки равонӣ фаъолият мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97