Агентии омори Тоҷикистн дар пай анҷоми таҳқиқоти пизишкӣ ва демографӣ (ҷамъиятшиносӣ) аз коҳиши сатҳи фавти кӯдакон дар саросари ин кишвар тай чанд соли ахир хабар дод.
Ин таҳқиқот тавассути агентии омори Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ ва кӯмаки молии ожонси тавсеъаи байналмиллалии Амрико, бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллал ва теъдоди дигар аз муассисоти байналмиллалӣ дар соли 2017 анҷом гирифтааст.
Бинобар ин таҳқиқот, беҳбуди вазъияти саломатии занон ва кӯдакон, дастрасии беҳтар ба хадамоти пизишкӣ, контрол ва назорати пайваста бар занони бордор аз ҷумлаи омилҳои коҳиши фавт дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
95 дар сади навзодон бо кӯмак ва таҳти назорати пизишкони бо таҷриба мутаваллид мешаванд ва тақрибан 90 дар сади занони бордор кӯдакони худро дар бемористонҳо ба дунё меоваранд.
Ин дар ҳоле аст, ки 5 сол қабл ин шохис 77 дар садро ташкил медод.
Бо вуҷуди рӯ ба бемористон овардани аксари занони бордор дар Тоҷикистон то ба ҳол 12 дар сади онон дар хона ва бидуни ҳузури пизишки мутахассис таваллуд мекунанд, ки кори хатарноке мебошад.
Ғизои муносиби кӯдакон аз дигар омили муҳимме аст, ки фавт дар байни онҳоро коҳиш додааст.
Беҳбуди вазъияти тағзия дар Тоҷикистон ҳамчунин боъиси рушди қади кӯдакони тоҷик шудааст.
Барои мисол то 5 сол қабл 26 дар сади кӯдакон дар Тоҷикистон ба далели набудани ғизои дуруст комил рушд накарда ва қади кӯтоҳ доштанд, аммо ин шохис дар соли 2017 то 18 дар сад коҳиш ёфт.
Агентии омори Тоҷикистон муддаъӣ шуда, ки бо вуҷуди пешрафт дар шохисҳои коҳиши фавти кӯдакон ва беҳтар шудани саломати занон дар ин кишвар мушкилоти зиёде боқӣ монда, ки бояд ҳаллу фасл шаванд.
Ба унвони мисол, 42 дар сади кӯдакони 6 моҳа то 5 сола аз бемории камхунӣ ранҷ мебаранд.
Беш аз 40 дар сади духтарони болои 15 сол ва занони зери 49 сол ҳам аз бемориҳои мушобеҳ ранҷ мебаранд.
Ин таҳқиқот дар соли 2017 анҷом гирифта ва бинобар он то 5 сол қабл дар Тоҷикистон аз миёни ҳар ҳазор кӯдак 43 нафар аз онон ба синни 5 солагӣ нарасида ва бар асари беморӣ ё илатҳои дигаре фавт мекарданд.
Аммо бар асари ин таҳқиқот равшан шуда, ки фавти кӯдакон дар саросари Тоҷикистон тай чанд соли ахир коҳиш ёфта ва дар ҳоли ҳозир аз миёни ҳар ҳазор навзод ва кӯдакони 5 сола 33 нафар ба далоили мухталиф фавт мекунанд.